ПАРЧАМ – РАМЗИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

33

Пос доштан ва ҳифз намудани муқаддасоти миллӣ вазифаи мо – шаҳрвандон буда, дар ин замина пояҳои давлатдорӣ устувор хоҳад гашт. Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ дар баланд бардоштани ҳиссу ифтихори миллӣ нақши муҳимро касб менамояд.

Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.

Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дўстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.

Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.

Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.

Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар Парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар арсаи байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мост.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад, чунки дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишон, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ расман тасдиқ карда шудааст.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари хирадманди он, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот, муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз давлатдории халқи тамаддунофар – тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Бигзор Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад ва ин халқи куҳантаърих дар пояи сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои бузург ноил гарданд.

Декани факултети биология доктори илмҳои биолдогӣ, профессор Каримзода А.И.