ПАРЧАМ РАМЗИ САДОҚАТУ МУҲАББАТИ ВАТАНДОРӢ ВА ИТТИҲОДУ ҲАМГИРОИСТ

176

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣрамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки халқи тоҷик аз азал яке аз он халқҳои куҳанбунёд мебошад, ки соҳибпарчам аст. Агар баъзе халқияту миллатҳо як марҳилаву давраи маҳдуди парчамдориро соҳиб бошанд, халқи тоҷик дар ин самт муқаддасоти зиёди давлатдориро дар аҳди қадим дошт.

Ҳазорон сол қабл дар саҳифаҳову таърихномаҳои миллати мо мавҷудияти парчам бо вожаи дирафш хеле маъмул буд. “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ дар заминаи нақлу ривоят ва воқеияти гуногун дар бораи дирафшдории аҷдодони мо нақл менамояд.

Имрӯз Парчами миллии мо рамзи садоқату муҳаббати ватандорӣ ва иттиҳоду ҳамгироист, ки хушбахтона зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ин рисолат ба тамоми маънӣ амалӣ мегардад. Ин рисолати ваҳдатсозии Парчами миллии моро натанҳо халқи мо, балки тамоми аҳли башар шоҳид аст.

Имрӯз ифтихор дорем, ки бо ҷилваву қади афрохтаи худ, Парчами миллии мо яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон мебошад, ки дар пойтахти кишварамон – Душанбеи нозанин партавафшон аст. Бо мавҷҳои ин парчами ваҳдатсоз халқи тоҷик баъд аз ҳазор сол бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат давлати худро барпо намуд. Тоҷик бо ин Парчам бо ифтихору сари баланд, аз ҳастии худ, аз нангу номуси баланди худ ва аз муттаҳидиву қудрати худ ба ҷаҳониён мужда мерасонад.

Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар самти ҳифзи рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллию давлатӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсаф аст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати тарбияи ҷавонони ватандӯст бештар эҳсос мешавад. Маҳз дар замони Истиқлол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу эҳтироми рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ гузаронида мешавад, ки ҳамагӣ барои тарбияи наврасону ҷавонони мо заруранд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Ҳамзамон, таҷлили инрӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд донист.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурсамарро таманно дорам.

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак!