ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

199

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узви ин Иттиҳод истиқлолияти худро ба даст овард. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар он солҳо аксари мардуми Тоҷикистон бовар доштанд, ки ин ҷанги бародаркуш ҳастии давлату миллатро зери суол мегузорад. Зеро дар он шабу рузҳо фаъолияти ҳокимияти давлатии қонунӣ фалаҷ гардида буд.

Душманони миллати тоҷик аз дохил ва хориҷи кишвар аланга задани оташи ҷангро орзу мекарданд.

Хушбахтона ба истилоҳи устод Лоиқ “Раҳми Парвардигори мо омад…” ва баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ пеши роҳи ин ҳама бедодгариҳоро гирифт. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз намояндагони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомали Раҳмоновро Раиси Шӯрои Олӣ таъйин намуданд. Дар шароити хеле ҳассосу душвор Роҳбари ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу ватан аз минбари баланд ҷангҷӯёнро ба созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд. Ва маҳз дар ҳамин Иҷлосия ваъда доданд, ки “ Ман ба Шумо Сулҳ меорам.” Ҳамзамон дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла Парчам қабул гардида, Сарвари тозаинтихоби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз қабул гардидани Парчами давлатӣ дар ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ҳамчун нишони эҳтирому садоқати ватандӯстӣ онро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа оғоз карданд. Чунин арзи эҳтироми Сарвари тозаинтихоб ба Парчами давлатӣ нахустин қадами самимӣ ва садоқат дар ҷодаи ба ҳам овардани миллат буда, аз он айём бо нишони эҳтирому садоқат рӯзи 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Мо хурду бузурги ин сарзамин шукрона мекунем, ки маҳз бо шарофати Пешвои муаззами Миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро дар тамоми гушаву канори олам мешиносанд. Аҷр гузоштан ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар яки мост.

Шоева Махфират Ёрмухамадовна,корманди шуъбаи омор ва бакайдгирии ДМТ