ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

260

Имрӯз (15.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯён баргузор гардид.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз гардида, таъкид гардид, ки «Таърихи муосири Тоҷикистон саҳифаҳои ҷадиди дурахшону ояндадоре дорад, ки бо гузашти вақт моҳият ва манзалати онҳо барои пешрафти ҷомеаи мо пурарзиш мегарданд. Саҳифаҳои муосири давлатдории навини миллии мо аз ду санаи муҳим – Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз мешаванд, ки моҳият ва арзиши бузурги сиёсӣ, идеологию иҷтимоӣ дошта, миллати моро сарҷамъ намуданд ва ба ин рӯзҳои неку созанда расониданд.

Сипас роҳбари дастгоҳи кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода суханронӣ намуда, зикр намуд, ки «Иҷлосияи тақдирсоз то Ваҳдати бунёдгузор миллати мо дар тули 31 соли Истиқлолияти давлатӣ ба бисёр комёбиҳо ва дастовардҳои оламшумулу бузург ноил гашт. Ин ҳамаи моро водор мекунад, ки бо масъулияти баланд онҳоро нигоҳ дорем ва дар пешрафти ҷумҳурии азиз саҳми худро гузорем. Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ миллатро аз маргу фаношавӣ наҷот дод, ҷумҳуриро ба оромӣ ва тинҷӣ овард. Бо роҳи пешгирифтаи ин воқеаи муҳимми таърихӣ, ки оғози раҳоӣ аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризояти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки моҳият ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, иброз намуд, ки дар низоми қонунгузории Тоҷикистон ин санади муҳим мавқеи махсуси хешро пайдо намуда, ҳамчун воситаи муҳим ва сарчашмаи асосии зиндагии шоистаи мардум мебошанд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Инчунин, дар семинар сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Нозим Муҳамадизода доир ба моҳият ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар бедор намудани таффаккури насли ҷавон суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон рӯйдоди бузургест, ки дар таърихи навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.