ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН ДОКТОРИ ФАХРИИ ДМТ ПАЗИРУФТА ШУД…

1025

Имрӯз (29.03.2021) Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конференсияи 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот сарони давлатҳо таҳкими муносибати дӯстона ва густариши робитаҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд…

Зимни сафари хеш Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ истиқбол гирифта, ба толори калони донишгоҳ даъват намуданд.

Бояд гуфт, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ДМТ як рӯзи таърихӣ буда, бо тамошои дастовардҳои илмию техникии донишгоҳ оғоз ёфт. Дар вохӯрии мазкур намояндагони сохторҳои дипломатии ҳар ду кишвар- Тоҷикистону Афғонистон ва ҳайати устодону донишҷӯёни ДМТ иштирок доштанд.

Нахуст ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва тамоми меҳмонони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба муҳимму саривақтӣ будани вохӯрии мазкур, робитаҳои таърихии мардуми тоҷику афғон, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бахши маориф дар мисоли ДМТ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суханронӣ намуда, қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллиро дар робита ба узви ифтихории Шӯрои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ироа намуд. Ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ бо чунин унвон сазовор шуд.

Меҳмони олимақом- Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар суханронии хеш бо изҳори сипос аз роҳбари давлат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва боварӣ миёни мардуми фарҳангдӯсти Афғонистону Тоҷикистон унвон кард. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар идомаи суҳбат дар робита ба таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию иқтисодӣ суханронӣ намуданд.

Меҳмони олимақом аз натиҷаи нишаст ва доктори фахрӣ ва узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ интихоб шуданаш, ки дар фазои ҳусни созандагию тафоҳум доир гардид, изҳори сипос намуда, афзуд, ки ин вохӯрӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои илмию таълимии байни донишгоҳҳои ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард ва дурнамои нави ҳамкориҳоро муайян хоҳад намуд.

Вохӯрии мазкур бо супоридани туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. бо меҳмони олиқадр Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба анҷом расид. Воқеан, эҳсос гадид, ки ин рӯз барои коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ як рӯзи таърихӣ боқӣ хоҳад монд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бори дуюм аст, ки ба донишгоҳ ташриф меорад. Сафари аввалини ӯ ба санаи 10-уми майи соли 2016 рост меояд, ки зимни ин сафар вохӯрии хотирмон доир гардида буд.