РАМЗИ ҶОВИДОНАИ МЕҲРУ ВАФО

230

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт  ба муносибати Рӯзи модар

Модарону хоҳарони азиз!

Дар нахустин рӯзҳои баҳори оламафрӯз Шуморо ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям.

Дар дунё муҳаббате бузургтар аз муҳаббати модар нест. Ӯ рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.

Имрӯзҳо нақши модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳи сатҳи олии кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъолу пешоҳанги ҷумҳурӣ боиси сарфарозиву нишоти кулли бонувони кишвар мебошад, ки ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш иброз доштанд: «Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатманд, соҳибкасбу баландихтисосро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем».

Бонувони азиз!

Итминони комил дорем, ки занону модарони арҷмандамон рисолати ҳамешагии хеш – тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли наврасу ҷавони кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сӯи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон намоянд.

Бо камоли эҳтиром, бори дигар ҳамаи Шумо модарону хоҳарони гиромиқадрро ба ифтихори Рӯзи модар сидқан муборакбод намуда, ба хонадони Шумо, хушбахтиву саодатмандии рӯзгор, сиҳативу саломатӣ ва пирӯзиву баракати зиндагиро таманно дорам.

           Ҷашни Модар муборак, модарону хоҳарони гиромӣ!