РОҲ НАДОДАН БА АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

159

Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои пешгирии ин падидаҳои номатлуб «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 тасдиқ шудааст.

Бо ин мақсад имрӯз (27.11.2023) дар толори Шурои олимони ДМТ вохӯрии устодону кормандони донишгоҳ бо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии ҶТ Умарзода Искандар Маҳмадӣ, муовини Сардори раёсати муқовмимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники адлия Насриддинзода Қиёмиддин Шовалӣ, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ Тавқиев Эмомалӣ Шодихонович ва мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Муминзода Нозим Исмат иштрок доштанд.

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу назорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ ба амал мебароранд.