РОҒУН – САРИ БАЛАНДУ РӮИ СУРХИ ҲАР ФАРДИ ВАТАН

500

Роғун ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Мояи ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои кофии табиӣ-иқтисодиро доро буда, истифодаи пурра ва оқилонаи онҳо боиси рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ мегардад. Бинобар ин, зикр намудан ба маврид аст, ки яке аз захираҳои асосии табии муҳимму ҳаётии кишвари мо об ба шумор рафта, омили асосии мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи замин ҳисобида мешавад. Ин неъмати табииро на танҳо барои истеъмолу тозагӣ ва таъмини солимии шаҳрвандони мамлакат, балки барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода намудан имконпазир аст.

Мутаассифона, замони аввали қадам гузоштан ба мустақилияти сиёсӣ ва эълон намудани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан шароити зисту зиндагии мардум аз натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҳолати ниҳоят душвор қарор дошт. Хушбахтона, ин мушкилиҳо бо ғамхорию ҳидоятҳои сарвари оқилу доно ва ғамхори миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар шуданд. Ҳамчунин, агар ба дастовардҳои замони истиқлолият назар афканем, маълум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати начандон тулонӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст ва ин ҳама бешак аз самараи меҳнат ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат ва халқи бунёдкору созандаи тоҷик дарак медиҳад.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, чаҳор ҳадафи стратегӣ – таъимини амниятӣ озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат дар кишвар эълон гардид, ки давра ба давра, мо ба онҳо ноил гардида истодаем. Албатта, ин ҳадафҳо бо як дигар тавъам буда, дар сурати ноил гардидан ба яке, заминаи расидан ба дигареро асос мегузоранд. Дар сурате мо метавонем аз бумбасти комуникатсионӣ бароем, ки агар амнияти озуқаворӣ дар мамлакат таъмин бошад ва ё дар сурате мо метавонем ба саноаткунонии босуръати кишвар ноил гардем, ки агар ба истиқлолият энергетикӣ ноил гардида бошем. Аз ин бармеояд, ки ҳар як дастуру супориш ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҳадафмандона ва мантиқӣ ба ҳисоб рафта, барои ояндаи дурахшонӣ Тоҷикистони азиз ва мардуми сарбаланди он равона гардидаанд.

Яке аз ҳадафҳои бузурги стратегӣ, ки дар назди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин мақсаду мароми ояндабахш зарурати сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ба миён меояд. Аз ин лиҳоз, дар баробари дигар сохтмонҳои бузургӣ замони Истиқлолият, як зумра НБО-и дар мамлакат ба истифода дода шуд, ки таъминкунандаи ин ҳадафи стратегӣ гардидаанд. Яке аз ин неругоҳҳои барқии обӣ – НБО-и Роғун ба ҳисоб меравад, ки то ин давраи Истиқлолият – сохтмони азими аср номгузорӣ гардида, кохи муҳташам ва бузурги рушноӣ дониста мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмони аз НБО-и Роғун иброз намуданд, ки “Агар лозим шавад бо нохунҳоямон канда ин кохи азими асрро бунёд менамоем”. Маҳз натиҷаи талошҳои пайгирона ва бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик тавонист, ки бо ҳидоятҳо ва тавсияҳои Пешвои худ бори дигар ба сохтмони кохи муҳташами аср камари ҳиммат банданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар муроҷиатномаи худ ба мардуми сарбаланд ва шарафманди тоҷик ҳануз санаи 5-уми январи соли 2010 моҳияти сохтмони ин иншооти бузургро ироа намудаанд. Моҳияти таъкиди сарнавиштсози Сарвари давлат он аст, ки “Роғун ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст”. Дар ҳар дақиқаи, кори бинокорон, дар тапиши набзи Роғун, орзую нияти неки аҳолии кишвар таҷассум ёфта, шуълаи умеди моро ба фардои ободу осуда беш аз пеш фурузон мегардонад.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд ва 16 ноябри соли 2018 бошад, дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Бояд зикр кард, ки НБО-и Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО “Роғун” аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии Норак якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқдоштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддие бахшад. Бо ба кор даромадани шаш чархаи НБО-и Роғун Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои минтақаро бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намояд. Ин неругоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 6 млрд квт/соат барқ истеҳсол карда шавад ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя барқ содир гардад.

Бояд тазакур дод, ки Шореҳи рӯзномаи Wall Street Journal ва коршиноси меҳмон дар барномаҳои Bloomberg, Reuters, CNBC, CNN ва Fox News Ҳиларй Креймер, қайд менамоянд, ки “Роғун калиди пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии минтақа аст”. Вай меафзояд, ин калид дар дасти Тоҷикистон аст, ки талош доранд, барои наҷот аз буҳрони энержӣ неругоҳи барқи обии Роғунро бунёд намояд. Неругоҳи Роғуни Тоҷикистон метавонад, дили ин иқтисоди пешрафтаи Осиёи Марказӣ бошад. Бо иртифои 335 метр ин баландтарин сарбанди ҷаҳон хоҳад буд ва бо хатми сохтмони неругоҳ он хоҳад тавонист, на танҳо Тоҷикистони ташнаи барқ, балки минтақаи шимоли Афғонистону Покистон, маҳалҳое аз Қирғизистону Узбакистон ва кишварҳои дигари ҳамсояро бо барқ таъмин кунад.

Дар баробари он ки неруи барқи истеҳсолнамудаи НБО-и Роғун аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, ҳамчунин назар ба воситаҳои дигари истеҳсоли неруи барқ, ба монандӣ, энергияи атомӣ, гармӣ ва дигар воситаҳои ғайрианъанавӣ, дорои як қатор бартариятҳо мебошад:

– якум, таъсири зарарнокро ба муҳити зист ва аҳолӣ надорад;

– дуюм, арзиши нисбатан арзонро дорад, ки коркарди барқ тавассути ин восита хараҷоти камро талаб менамояд;

– сеюм, он ягон партовҳои хатарнокро ба атмосфера надорад.

Дар воқеъ, Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ – муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.