РОҒУНРО ЗАМЗАМА БОЯД КАРД…

253

Эй дидаи интизори даврон,

Роғун Ҷон дар бадани ниёзмандон,

Роғун. Борони сахот аз абри раҳмат бошад,

Эй мазраи сабзи Тоҷикистон, Роғун.

Роғун, намакӣ ту дар намакдони Ватан,

Ё кулчаи ширмол дар хони Ватан.

Аз ваҳдату аз шарори бунёдгарӣ,

Сад шукр, шукуфт гули армони Ватан.

Роғун, ба Бадахшону Вахон ҳамсолӣ,

Бо мурғи Ҳумо ту ҳамдаму ҳамболӣ.

Бо умри куҳан завқи ҷавонӣ дорӣ,

Як шаҳбачаи замони истиқлолӣ.

Роғун санаме ҳаловати ҷон бошад,

Лаъли лаби ӯ лаъли Бадахшон бошад.

Ширин чу рабуд ҳуши Фарҳод, варо

Аз ҷумлаи Кӯҳкан ҳазорон бошад.

Дар синаи кӯҳ санг гавҳар гардад,

Хок аз ҳунари марди ҳунар зар гардад.

Аз хандаи барқи НОБ-и Роғун Ватанам

Рахшон шаваду ҷаҳон мунаввар гардад.

Эй пардаи дида пойандози раҳат,

Овард баҳори рафта рӯи чу маҳат.

Хуршед ба кошонаи ман ханда кунад,

Пайванд ба Роғун аст барқи нигаҳат.

Боз аз шафати қулла ба парвоз шавад,

Аз субҳ дари ризқ ба кас боз шавад.

То ранг барад баҳор аз хандаи нур,

Наврӯзи Аҷам зи Роғун оғоз шавад.

Роғун, ба масал тоҷи сари мардонӣ,

Ҳам рамзи вафову ваҳдату паймонӣ.

Дар боби ватанхоҳию давлатдорӣ,

Ту дарди ҳазорсоларо дармонӣ.

Роғун, ки замини ту саодатбор аст,

Хоки ту зи меҳри одамӣ саршор аст.

Нуре, ки зи мағзи устухонат хезад,

Бар дӯст сафо, ба чашми душман хор аст.

Роғун, ту ба парчами Ватан ҳамрангӣ,

Парвардаи ифтихору ному нангӣ.

Аз Шарқ зиёи НОБ-и ту ханда кунад,

Ҳаққо, ки ба хуршеди фалак ҳамсангӣ.

Роғун, садафӣ, ба сина гавҳар дорӣ,

Аз лаъли мурассаъ тоҷ бар сар дорӣ.

Чун арча ба паҳнои кӯҳистон сабзӣ,

Чун Нораки зарфишон бародар дорӣ.

А.Кӯчарзода, профессори ДМТ