РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲҲОИ БЕЛОРУСИЯ

266

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти муовини ректори Донишгоҳи давлатии Полотскии Ҷумҳурии Белорусия Голубев Юрий Петрович бо ректори Донишгоҳи миллӣ Хушвахтзода Қ.Х. таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, ҳамзамон, ҷоннок намудани раванди таълиму тарбия ва робитаҳои илмию эҷодӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои логистика, психологияи амалӣ, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар пояи факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорусия омода карда мешаванд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.