РУШДИ ФАЛСАФАИ ТОҶИК

201

Бо ибтикори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа дар мавзӯи «Саҳми файласуфони муосири тоҷик дар рушди фалсафаи тоҷик» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илм ва навоварии техникии ДМТ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Дар нишаст олимону муҳаққиқони риштаи фалсафа оид ба масъалаҳои гуногуни фалсафа суханронӣ намуда, саҳми файласуфи шинохта, устод Мусо Диноршоевро дар рушди фалсафи тоҷик махсус арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки устод Мусо Диноршоев дар фалсафа, хусусан дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи махсусро дорад ва паҳлуҳои ҷудогонаи таълимоти устод мактаби бузургеро мемонад.