Имрӯз, 30 апрели соли 2025, дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи электроникаи физикӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили муосири физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо» баргузор гардид. Чорабинӣ ба солҳои 2020–2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» бахшида шуда буд. Дар ҷараёни конференсия фаъолияти пурсамар ва нақши муассири кафедраи электроникаи физикӣ дар давоми 35 сол дар рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва саҳми назаррас дар таҳкими робитаҳои илмии дохилӣ ва байналмилалӣ махсусан таъкид гардид.
Самтҳои фаъолияти конференсия ба таҳқиқ ва таҳлили дастовардҳои навини илмӣ дар соҳаҳои зерин бахшида шуд: “Таъсири омилҳои физикӣ ба нимноқилҳо, диэлектрикҳо, асбобҳо, ва объектҳои биологӣ”, “Сохтор ва хосиятҳои nanosystem ва дурнамои истифодаи он”, “Технологияи муосири тайёр намудани элементҳои офтобӣ”, “Моделсозии равандҳои физикӣ дар нимноқилҳо ва диэлектрикҳо” ва “Усулҳо ва технологияи омӯзиш”.
Дар кори конференсия иштирокчиён аз хориҷ ва дохили кишвар, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои пешрафтаи Белорус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон маводи илмии худро пешкаши ҳамагон намуданд. Дар маҷмуъ, дар раванди конференсия наздик ба80 маърӯза ва баромадҳои илмӣ пешниҳод гардиданд, ки масъалаҳои мубрами физикаи муосир, аз ҷумла хосиятҳои физикӣ ва барномарезии сохторҳои нимноқилӣ ва диэлектрикӣ, истифодаи онҳо дар нанотехнология ва электроникаи квантиро дар бар мегиранд.
Маърӯзаҳо бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — пешниҳод шуда, ба густариши доираи шунавандагон ва таъмини фазои байналмилалии илмӣ мусоидат менамоянд. Конференсия дар муҳити созанда ва дӯстона сурат гирифта, ба мубодилаи таҷриба, ташкили ҳамкориҳои нави илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ миёни олимону пажуҳишгарон заминаи мусоид фароҳам овард.
Конференсияи мазкур бо муҳтавои худ марҳилаи муҳими рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва техника ба ҳисоб рафта, заминаи мусоиде барои таҳқиқотҳои муштарак ва табодули иттилоъ фароҳам овард.
Дар анҷом, иштирокчиён аз сатҳи баланди ташкилӣ, муҳтавои илман ғании баромадҳо ва фазои созандаи илмӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Умед аст, ки маводи конференсия барои пешрафту инкишофи самтҳои гуноуни илм ва дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон, магистрантон, унвонҷӯён, аспирантону докторантон кумак мерасонанд.



