РУШДИ МАЛАКАҲОИ РОҲБАРИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР ДОИРАИ КУРСИ «ЗАН-САРВАР»

16

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (17.04.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.

Курси «Зан-сарвар» бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тақвияти қобилияти роҳбарӣ ва густариши донишҳои сиёсиву иҷтимоии донишҷӯдухтарон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар кори он муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромади худ номбурда таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақш ва мақоми занон дар ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар баланд гардида, барои фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар шароити мусоиду фаррох фароҳам оварда шудааст.

Қайд гардид, ки фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор овард. Аз ин ҳуқуқ занон истифода бурда, дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф фаъолона ширкат меварзанд.

Курс имконият медиҳад, ки донишҷӯдухтарон таҷриба, дониш ва малакаҳои роҳбариро дар муҳити таълимӣ дарёфт кунанд ва ба як насли пешбаранда ва фаъол табдил ёбанд.