САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

3604

Дар давраи нисбатан кӯтоҳи рушди сиёсати дохилӣ (1991-1992), Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бисёр давлатҳои ҷаҳон эътироф гардида, давраи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ фаро расид. Аммо вазъияти сиёсии дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ халал ворид намуда, раванди рушди он дар роҳи бунёди давлати сохибихтиёру мустақил қатъ гардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 баргузор гардид, имкон дод, ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, давлат аз вартаи нобудӣ наҷот дода шавад. Бо итминон метавон гуфт, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз оғози ташаккули дипломатия ва ташкили сиёсати хориҷии давлати соҳибихтиёри тоҷикон гардид.

Маҳз баъди Иҷлосияи тақдирсоз марҳилаи нав дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ки он дар қабули санадҳои муҳимми самти сиёсати хориҷӣ ва сафарҳои аввалини бомуваффақонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор давлатҳои ҷаҳон ифода меёбад. Бояд эътироф кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат ҳамчун поягузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Федератсияи Россия ва муносибатҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ, диққати ҷиддиро ба густариши ҳамкориҳо бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона намуда, дар оғози роҳбарии худ эълон дошт, ки дари Тоҷикистон барои давлатҳое, ки нияти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои самарабахш ва дӯстонаро доранд, боз аст. Муқаррароти асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 1993 пешниҳод намуда буд.

Яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар баробари барқарорсозии сулҳу ваҳдат ин таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкориҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ дорад, чунки самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилаӣ сиёсати “дарҳои боз” мебошад, ки он ҳамасола таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул меёбад.

Мо бо ифтихор дар бораи низоми давлатдории худ сухан меронем, чунки он ба рушди минбаъдаи давлатдории халқи тоҷик таъсири мусбат мерасонад. Таҷрибаи идоракунии давлатии мамлакати мо бо роҳбарии Пешвои миллат намунаи ибрати ҷаҳониён гардида истодааст. Сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи барқарор ва таҳкими сулҳро дар мамлакати мо, ки дар муддати кутоҳ ба даст омадааст, омӯхта, ҷиҳати ба даст овардани сулҳ дар дигар кишварҳо тавсия додаанд. Ба туфайли сиёсати дуруст ва инсонпарварона бо тарафҳои мухолиф Пешвои миллат тавонист, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохта, бо дастгирии ҳалқ тамоми мушкилиҳои баъдиҷангиро паси сар намояд ва даст ба дасти ҳам ниҳода, барои ба маҷрои нав даровардани низоми фалаҷгаштаи ҳокимият ва оғози зиндагии нав талош варзад.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пеш бурда мешавад ва муддати тӯлонӣ дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ амалӣ мегардид, бо як қатор хусусиятҳои худ фарқ дорад. Хусусияти хоси сиёсати хориҷие, ки Эмомалӣ Раҳмон пеш мебарад, баробарӣ ва тавозуни он мебошад, ки ба мавқеи геополитикӣ ва геграфии минтақа вобаста аст. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳалқи тоҷик, парлумони кишвар ва тамоми ҳалқи мутамаддини дунё дастгирӣ меёбад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи бойро дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна касб намуд.

Дар арафаи таҷлили 30-солаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи бузурге барои мардуми Тоҷикистон он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани нахустин мукофоти олии “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” гардиданд. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бурдимуҳаммедов дар шаҳри Туркманбошӣ бо иштироки сарони давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофоти олии “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштаракаи кишварҳои минтақа тақдим намуданд.

Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ сазовори эҳтиром ва нуфуз аз ҷониби ҷомеаи чаҳонӣ гардид. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои ҳамешагии дар ҷаҳон эътирофгардидаи Президенти Тоҷикистон ва кӯшишҳои ҳалқи тоҷик барои таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд, ки бо дастгирии СММ ва дигар созмонҳои байналмилаллӣ, инчунин, давлатҳои дӯст, пеш аз ҳама, Федератсияи Россия музокираҳои сулҳи тоҷикон бомуваффақона ҷамъбаст гардида, муқовимати дохилӣ бартараф карда шуд.

Бо шарофати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳалқи тоҷик муяссар гардид, ки на танҳо давлати худро аз парокандагӣ ҳифз намояд, балки таҷрибаи беҳамтои ҳалли низои дохилиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Бешубҳа, ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Дар доираи як мақола ба саҳм ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон баҳо додан душвор аст. Дар анҷом зикр менамоем, ки саҳми Пешвои миллат дар дар рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст.

Умед МУРОДЗОДА,

ассистенти кафедраи ҳуқуқи

конститутсионии факултети

ҳуқуқшиносии ДМТ