САҲМИ УСТОД АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТОҶИК

658

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 15-уми апрел бахшида ба мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ чорабиниҳои гуногунсатҳ дар сохторҳои илмию таълимӣ баргузор мешавад. Чун анъана Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба хотири бузургдошти устод Айнӣ ҳамоишҳои илмию назариявиро роҳандозӣ менамояд.

«Устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард». Ин нукта имрӯз (15.04.2022) аз ҷониби декани факултети филологияи донишгоҳ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ зимни ифтитоҳи маҳфили илмӣ – адабие, ки таҳти унвони «Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ» дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода доир гардид, баён шуд.

Ҳамоиш бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи донишгоҳ бахшида ба гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ созмон дода шуда, дар он айнишиносон, устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Дар нишаст, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Маҳмадаминов А.С. дар мавзӯи «Як ҳуҷҷати нодир оид ба ду шахсияти бузург» маърӯза намуд.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Инчунин, дар маросими ифтитоҳи боғи навбунёди Айнӣ Сарвари давлат изҳор доштанд: «Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».

Дар ҷараёни мафҳил донишҷӯёни факултет аз осори устод Айнӣ шеърҳо қироат карданд.

Ҳамзамон, дар робита ба ин рӯз бо ташаббуси садорати факултети журналистикаи донишгоҳ зумрае аз устодону донишҷӯёни факултет ба зиёрати оромгоҳи ин устоди бузурги сухану адаб рафта, ёде аз рӯзгору осори устод Айнӣ намуданд.