САДА ҶАШНИ МЕҲР АСТ

651

Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ ҷашн мегирад. Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.

Бо ин муносибат имрӯз (04.02.2023) дар пояи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултет ин ҷашни таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор, Хушвахтзода Қ.Х. нахуст аз намоиши дастархони идона, тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, дидан намуд.

Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ зикр намуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд.

Зимнан таъкид гардид, ки маҳз дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.

Дар идомаи чорабинӣ устодону донишҷӯёни факултет дар робита ба сарчашмаҳои таърихии ҷашни Сада суханронӣ ва порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Ҳамзамон, ансамбли халқии “Наврӯз” барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин гардониданд.