САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

618

Имрӯз (30.11.2020) бо мақсади шиносоии комил аз вазъи татбиқи шартномаҳо ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ Сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот анҷом дод.

Дар оғози суҳбат ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода карда мешаванд.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар афзуд, ки: «Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла робитаҳо дар соҳаи илму таълим ба шумор меравад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Қисмати зиёди ин шартномаҳо дар амал татбиқ мешаванд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Афғонистон пас аз таҳсил ва ё таҳқиқоти илмӣ дар ДМТ бо дониши хуби сиёсию иҷтимоӣ ва бо сари баланд ба ватан бар мегарданд, ки банда миннатдории хешро нисбати ин дастгириҳо ба роҳбарият ва аҳли кормандони ДМТ баён менамоям».

Дар охир ҷонибҳо дар самти илму таълим пешниҳодҳои судманд намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.