САМАРАИ НИЯТҲОИ НЕК

669

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикону ӯзбекон аз зумраи халқҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар тамаддуни башарият нақши босазо гузошта, ҳазорсолаҳо дар бунёд, ташаккул, рушд ва талқини накӯҳамсоягӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар Осиёи Миёна тӯли ҳазорсолаҳо халқияту миллатҳои гуногун бо ҳам зиста, муносибатҳои гуногунҷабҳаи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангиро бо ҳам паси сар намуда, аз расму оин ва фарҳангу таърихи ҳамдигар баҳравар шудаанд.

Муносибати байни тоҷикону ӯзбекон аз қадим бо дӯстию бародарӣ, накӯию рафоқат, хайрхоҳӣ ва эҳтироми ҳамдигар нисбат ба дигарон тафовут дошт. Дар воқеъ, мо ду миллати ба ҳам дӯсту бародар чунон бо ҳамдигар наздикем, ки дар тамоми рӯзгори моддию маънавии мардумонамон метавон онро мушоҳида намуд. Мусаллам аст, ки ҳамшабеҳии тоҷикону ӯзбеконро расму ойн, анъанаҳои муштарак, маросимҳои миллиямон чунин наздик намуданд, ки аслияту баромади онҳоро ҷудо намудан ва тафовут гузоштан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин пайвандӣ, қаробат, наздикии ин ду миллатро дар ҷаҳони имрӯза ягон халқияту миллатҳои дигаре доро нестанд. Ягонагии мо на танҳо дар урфу одат, анъана, таърих, дину оин, балки дар гуфтору рафтор, эҳтироми ҳамдигар, арҷгузорӣ ба ҳамсоядорӣ ба назар мерасад. Ҳазорон ҳазор калимаву ибораҳои тоҷикӣ дар забони ӯзбекӣ ва баракс вожаҳои зиёди ӯзбекӣ дар забони тоҷикӣ истифода мешаванд.

Дӯстиву рафоқат ва хешиву ақрабоӣ байни мардуми ду миллат намунаи ибрати дигарон аст. Омӯзиши саҳифаҳои таърихӣ бозгӯйи онанд, ки тоҷикону ӯзбекон дар аксар ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, ғаму шодӣ, нокомию пирӯзиҳо дар паҳлӯи ҳамдигар қарор доштанд. Намунаи таърихии дӯстии ин ду миллатро орифону адибон дар симои дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба қалам дода, меросияти онро то ба наслҳои имрӯзаву оянда тараннум менамоянд.

Ҳарчанд муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи декабри соли 1992 барқарор ва дар ин муддат беш аз 100 созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ ба тавсиб расида бошад ҳам, вале воқеияти амалии онҳо танҳо аз интиҳои соли 2016 оғоз гардид.

«Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност» -мегӯянд дар урфият. Мутассифона, дар як давраи кутоҳи таърихӣ дар осмони муносибатҳои неки байниҳамдигарӣ тирагие пайдо шуда буд, вале маҳз иродаи сиёсии неки накӯҳамсоягӣ, инсондӯстӣ, меҳру муҳаббати азалии ду роҳбари мардумпарвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боиси он гардид, ки ин осмон софу пок ва хуршеди тобони ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву бародарӣ нурпошӣ кунад.

Имрӯз ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон беҳамто буда, намунаи сатҳи олӣ дар омӯзиши дипломатӣ маҳсуб меёбад.

Сиёсати хирадмандона, мардумпарварона ва ояндабинонаи ду роҳбари олии сиёсӣ – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев буд, ки имрӯз ҳамкориҳои ҳасана дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳоҷагидорӣ байни ду давлат ба роҳ монда шуда, самараи нек ба бор оварда истодаанд.

Таҳлили сиёсатшиносон бозгӯйи он аст, ки дар тӯли наздик ба 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон пайгирона кӯшидааст, ки сиёсатӣ дӯстона ва ҳамкории ҳасани мутақобилан судмандро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ намояд. Зеро муносибати накуҳамсоягӣ ба манфиати ҳар ду миллат равона шудааст.

Сиёсати муваффақ дар самти авлавият ба муносибатҳои ҳамсоягӣ, ки меҳвари асосии сиёсати хориҷии муҳтарам Шавкат Мирзиёев эълон шуда буд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар як муддати кутоҳ марзҳои баста ба рӯйи мардумони ҳамдигар боз гардида, хешу ақрабо ва наздикону пайвандони солҳо пазмону муштоқи дидори ҳамдигар ба орзуҳои худ расиданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 ба вуқуъ пайваст, дар саҳифаи таърихи байни ду давлат ва миллати ба ҳам дӯсту бародар бо ҳарфҳои зарин абадан нақш бастааст. Зеро ин сафари бобарор, ки ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва амалишавии ниятҳои нек роҳандозӣ гардида буд, боиси шодиву нишот ва хурсандии миллионҳо сокинони ҳар ду давлат гардид.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ бо як сатҳи баланд анҷом ёфт, ки дар натиҷаи он ҳамкории судманд дар бахши тиҷорату савдо, иқтисоду энергетика, фарҳангу робитаҳои гуманитарӣ, амният ва мудофиа, нақлиёт, истифодаи захираҳои обӣ роҳандозӣ гардиданд.

Хотирнишон бояд сохт, ки ба тавсиб расидани Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳодисаи таърихӣ маҳсуб меёбад.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба эҷод намудани фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нек арзёбӣ ва пуштибонӣ ёфта, таъкид карда шуд, ки чунин сиёсат «бо ҳадафҳои Тоҷикистон комилан созгору ҳамоҳанг» мебошанд.

Сафари расмии сарони давлатҳо ба кишварҳои ҳамдигар ҳамчун оғози марҳалаи комилан ва сифатан нав дар муносибатҳои байни ду кишвар маҳсуб меёбанд, ки дар ин самт нақши муҳим доштани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда, барои чунин талошҳои нек ва созандаашон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев изҳори сипос намуданд.

Иродаи олии сиёсии накуҳамсоягии ин ду марди оқилу фозил боиси он гардид, ки ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ба маротиб афзоиш ёфта, ҳамкориҳои гуманитарию фарҳангӣ, иқтисодиву молиявӣ бо такя ба арзишҳои дӯстиву бародарии муштарак рушд намоянд.

Дастгирии ҳамдигарии Сарони давлатҳо зимни паҳншавии бемории коронавирус дар соли гузашта, барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳо дар сарҳади байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, содда намудани рафтуомади мардум ба кишварҳои ҳамдигар, барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ, ҳамлу нақли борҳо тавассути роҳҳои автомобилӣ, сохтмони мактабу иншоотҳои иҷтимоӣ, фаъолияти корхонаҳои муштарак ва ғайра аз яктараф, хурсандӣ ва шодиву нишоти сокинони ҳар ду давлат аз ҷониби дигар, натиҷаи неки сиёсати пешгирифтаи ду Сарвари хирадманд мебошад. Мусаллам аст, ки ҳадафи сиёсати Президентони ду кишвар ба манфиатҳои аслии мардумонашон равона шудааст.

Воқеаи таърихие, ки дирӯз мардумони кишварҳоямон шоҳиди бевоситаи он гардиданд, ин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 10-11 июн сурат гирифт. Ин сафари расмӣ дар рушди муносибати байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон басо бобарор ва натиҷабахш гардид. Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба ҳамаи бахшҳои ҳамкории судманд, аз ҷумла, марбут ба муколамаи мунтазам дар сатҳи сарони давлатҳо, робитаҳои байнипарлумонӣ ва гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, истифодаи самараноки захираву имконоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоид ва рафъи монеаҳо дар савдои мутақобила, ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди ашёи хом, ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, истифодаи маҷмӯӣ ва мутақобилан судманди захираҳои обӣ ва энергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ, сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, таъмини амният ва ғ. табодули афкор намуда, барои тавсеаи ҳамкориҳо заминаи воқеӣ гузоштанд. Дар натиҷа беш аз 35 созишнома ва қарордҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки барои рушди муносибатҳои ҳасана такон хоҳад бахшид.

Пазироии меҳмони олиқадр муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҳайати расмии ҳамроҳонашон аз ҷониби муҳратам Эмомалӣ Раҳмон, ки боя анъанаи олии меҳмоннавозии тоҷикона дар сатҳи хеле баланд ва хоссаи дӯстона сурат гирифт, аз эҳтиромоти хосса ва маҳбубияти давлати дӯсту бародари Ӯзбекистон дарак медиҳад.

Чунин эҳтиромоти ҳамдигарии Сарварони ду давлат ҳар як сокини ду кишварро водор менамояд, ки барои ояндаи халқҳоямон, бо боварӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ, барои таҳкими дӯстиву бародарӣ садоқатмандона кору фаъолият намоем.

Имрӯз мардуми ду кишвари соҳибистиқлол набояд танҳо аз муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ ёдовар шуда, онро иқтибос оваранд, балки замоне фаро расидааст, ки ҳар як фарди соҳибхиради Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дӯстиву бародарии ду фарзанди фарзона – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтихор намуда, ба он пайравӣ ва аз он тараннум намоянд.

Мо умед дорем, ки ин дӯстиву бародарии президентони кишварҳоямон дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ҳамчун намунаи олии фарҳанги роҳбарӣ ва накуҳамсоягӣ абадан сабт хоҳад шуд.

Ҳасанов Баходир Акрамович, академики Академияи илмҳои Турон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд