Саноатикунонии кишвар

1318

Имрӯз (27. 02. 2020) дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идораи ДМТ дар мавзӯи “Саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор С.М. Сафармамадов оид ба муҳиммияти мавзӯи нишаст суханронӣ намуда, афзуд, ки саноатикунонии босуръат омили рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.

Баъдан, академики АИ ҶТ Р. Раҳимов дар мавзӯи “Рушди сармояи инсонӣ – шарти муҳимтарини ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ-саноатӣ”, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва назарияи иқтисодии Донишгоҳи муҳандисӣ-педагогии Қрими ба номи Февзи Якубови Федератсияи Русия Ирина Иваненко оид ба «Рақамикунонии саноат-таҷрибаи ҷаҳонӣ ва махсусияти Русия”, профессори кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДМТ Т. Низомова доир ба “Равандҳои асосии такмили сохтори соҳавии саноат дар давраи Истиқлолият», ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, дотсент Я. Довгялло оид ба «Тавсеаи фазои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мутахассисони соҳа маърӯза намуданд. Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда суолу ҷавоб сурат гирифт.