САРАЗМИ БОСТОНӢ

239

Санаи 11.03.2020 бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодӣ мизи гирди донишгоҳӣ дар робита ба 5500-солагии шаҳраки Саразм баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент И.Шамсов оғоз ёфт. Дар нишаст декани факултети таърих Р. Шарифов роҷеъ ба ёдгории Саразм суханронӣ намуда, афзуд, ки «ёдгории шаҳраки Саразм яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дорои аҳамияти бузурги илмиву таърихӣ ва байналмилалӣ ва яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».