Савдои одамон дар шароити муосир ба яке аз шаклҳои ҷиддӣ ва босуръат афзоишёбандаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ин намуди ҷиноят барои шабакаҳои ҷиноӣ манбаи муҳими даромад ба ҳисоб рафта, аксар вақт бо дигар намудҳои фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла қочоқи муҳоҷирон, маводи мухаддир ва аслиҳа алоқаманд мебошад.Тибқи баҳодиҳии коршиносон, Иттиҳоди Аврупо ба яке аз минтақаҳои асосии қабули қурбониёни савдои одамон табдил ёфтааст. Манбаъ ва масири транзитии асосии ин ҷиноят, пеш аз ҳама, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Украина, Россия, Молдова ва Беларус), инчунин давлатҳои минтақаи Балкани Ғарбӣ ба шумор мераванд. Мувофиқи ҳисобҳои гуногун, даромади гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккил аз фаъолияти марбут ба савдои одамон ҳамасола аз 8 то 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб чораҳои муҳим меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа мебошад». Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили масъалаи муқовимат ба савдои одамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими амнияти миллӣ аҳамияти калон дорад.
Заминаи қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз савдои одамон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, оила ва меҳнат сарчашма мегирад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкору пешгирии савдои одамон пайваста тадбирҳои судманду саривақтӣ меандешад. Маврид ба таъкид аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» мавриди амал қарор дорад. Қонуни мазкур аз 9 бобу 48 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқарар карда, муностибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.
Бо вуҷуди мавҷуд будани заминаи мукаммали ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, ҳамасола миллионҳо занон, мардон ва кӯдакон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷиноят дучор мегарданд. Савдои одамон метавонад ҳам дар дохили як давлат ва ҳам байни давлатҳо амалӣ гардида, ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла меҳнати маҷбурӣ ва истисмор дар корхонаҳо, хоҷагиҳо ва хонаводаҳо, истисмори шаҳвонӣ, никоҳи маҷбурӣ ва ё гирифтани узвҳои инсонро дар бар гирад.
Хусусияти пинҳонӣ ва махфии ин ҷиноят муайян намудани миқёси воқеии онро мушкил мегардонад. Тибқи маълумоти гузориши ҷаҳонии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) соли 2016, дар байни қурбониёни муайяншудаи савдои одамон 51 фоизро занон, 21 фоизро мардон, 20 фоизро духтарон ва 8 фоизро писарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии қурбониён 45 фоиз бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ва 38 фоиз барои меҳнати маҷбурӣ мавриди қочоқ қарор гирифтаанд.
Дар солҳои охир тамоюли афзоиши савдои одамон дар байни аҳолие, ки дар шароити низоъҳои мусаллаҳона зиндагӣ мекунанд ё маҷбур ба тарки макони зисти худ гардидаанд, низ бештар ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки низоъҳо, муҳоҷирати иҷборӣ ва бесуботии иҷтимоӣ аз омилҳои муҳими афзоиши хавфи қурбонии савдои одамон гардидани шахсон ба ҳисоб мераванд. Савдои одамон ҳамчун хариду фурӯши инсон ё анҷом додани дигар муомилоти ғайриқонунӣ нисбат ба ӯ фаҳмида мешавад. Инчунин, ба савдои одамон ҷалб намудан, пешниҳод кардан, интиқол додан, пинҳон кардан, супоридан ё қабул намудани шахс бо мақсади истисмор ё гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ, новобаста аз ризоияти ҷабрдида, дохил мегардад. Чунин амалҳо метавонанд бо истифода аз маҷбуркунӣ, одамрабоӣ, фиреб, сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ, истифодаи нодурусти боварӣ, истифода аз вазъи оҷизии ҷабрдида ё тавассути ришвадиҳӣ ба шахсе, ки ҷабрдида аз ӯ вобастагӣ дорад, анҷом дода шаванд.
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки паҳншавии андешаҳо ва идеологияҳои гуногун метавонад ба ҳаёти ҷомеа ва шахсони алоҳида таъсири манфӣ расонад, муқовимати самаранок ба падидаҳои номатлуб танҳо дар заминаи иқтидори давлатӣ, волоияти қонун ва иштироки фаъоли шаҳрвандон имконпазир мебошад. Дар чунин шароит, ҳамоҳангии талошҳои давлат ва ҷомеа метавонад барои пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва амалишавии ҳадафҳои ғайриқонунии онҳо нақши муҳим бозад.
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор.
Ту, к-аз мехнати дигарон бегами,
Нашояд ки номат ниҳанд одами!
Аҳлиддин ЮСУФЗОДА – н.и.х., дотсент, мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтии факултети фарматсевтии ДМТ








