САВДОИ ОДАМОН – ҒУЛОМДОРӢ ДАР АСРИ XXI: САБАБҲО, ОҚИБАТҲО ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ

5

Асри XXI бо рушди бесобиқаи технология, илм, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва равандҳои демократӣ дар таърихи инсоният сабт шудааст. Аммо, сарфи назар аз ин дастовардҳои бузург, ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол бо як падидаи нангин ва ваҳшатноке рӯ ба рӯст, ки шаъну шарафи инсониро поймол мекунад. Ин падида савдои одамон мебошад, ки онро ба таври ҳаққонӣ «ғуломдории муосир» меноманд.

Савдои одамон ҷинояти вазнини дорои хусусияти трансмиллӣ (фаромарзӣ) буда, тибқи оморҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ), аз рӯи даромаднокӣ дар олами ҷинояткорӣ пас аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ дар ҷойи сеюм қарор дорад. Ҳамасола миллионҳо нафар мардон, занон ва кӯдакон ба доми фиреби тоҷирони инсон афтода, мавриди истисмори бераҳмона қарор мегиранд. Дар ин мақолаи таҳлилӣ мо сабабҳои пайдоиш, шаклҳои зуҳур, усулҳои ҷалби қурбониён, оқибатҳои фоҷиабор ва роҳҳои муборизаву пешгирии ин ҷинояти мудҳишро баррасӣ хоҳем кард.

Дар санадҳои байналмилалӣ савдои одамон ҳамчун ҷалб, интиқол, таҳвил, пинҳонкунӣ ё қабули одамон бо роҳи таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, фиреб ва сӯиистифода аз вазъияти осебпазири шахс бо мақсади истисмор фаҳмида мешавад. Савдои одамон як мушкилоти бисёрҷанба буда, пайдоиш ва густариши он ба омилҳои зерин вобастагии зич дорад:

-омилҳои иқтисодӣ – сабаби асосии ба доми савдои одамон афтодани аксарияти қурбониён фақр (камбизоатӣ), бекорӣ ва ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар аст. Одамоне, ки дар ватани худ ҷойи кор ва даромади кофӣ намеёбанд, маҷбур мешаванд ба кишварҳои дигар муҳоҷират кунанд. Маҳз ҳамин эҳтиёҷоти шадиди молиявӣ онҳоро водор месозад, ки ба пешниҳодҳои шубҳаноки корӣ бовар кунанд.

-омилҳои иҷтимоӣ ва маърифатӣ – паст будани сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва маълумотнокӣ сабаби дигари ин зуҳурот аст. Аксари шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷа дар бораи қонунҳои кишвари қабулкунанда, ҳуқуқҳои худ ва хатарҳои эҳтимолӣ маълумот надоранд. Инчунин, зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии оилаҳо (махсусан барои занон ва кӯдакон) онҳоро осебпазир мегардонад.

-омилҳои сиёсӣ ва буҳронӣ – ҷангҳо, низоъҳои мусаллаҳона, офатҳои табиӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ боиси мавҷи бузурги гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ мегарданд. Гуруҳҳои ҷинояткор аз ин вазъияти ноумедонаи мардум истифода бурда, онҳоро ба ғуломӣ ҷалб мекунанд.

-мавҷудияти талабот – то замоне, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба қувваи кории арзон (бепул), хизматрасониҳои шаҳвонӣ ва узвҳои инсон талабот вуҷуд дорад, пешниҳод (ҷинояткорон) низ пайдо мешавад. Фоидаи калон ва хатари нисбатан кам (нисбат ба қочоқи маводи мухаддир) гуруҳҳои муташаккили ҷиноятиро ба ин тиҷорат ҷалб мекунад.

Савдои одамон вобаста ба мақсади истисмор ба якчанд шаклҳои даҳшатнок ҷудо мешавад:

1) Истисмори меҳнатӣ. Яке аз паҳншударин намудҳои ғуломии муосир аст. Қурбониён, ки аксаран муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, корхонаҳои ғайриқонунӣ ва ҳамчун хизматгори хонагӣ бе музд ва дар шароити тоқатфарсо кор кунонида мешаванд. Ба ин шакл инчунин “ғуломии қарзӣ” дохил мешавад, ки дар он ҷинояткорон қурбониро ба таври сунъӣ қарздор карда, ӯро маҷбур месозанд, ки барои пардохти қарз солҳои тӯлонӣ кор кунад.

2) Истисмори шаҳвонӣ (ҷинсӣ) Қурбониёни асосии ин намуди тиҷорат занон ва духтарони ҷавон мебошанд. Онҳоро бо ваъдаи кори сердаромад (ба ҳайси пешхизмат, раққоса ё мураббия) ба хориҷа бурда, шиносномаҳояшонро мегиранд ва маҷбуран ба фоҳишагӣ ва соҳаи порнография ҷалб мекунанд.

3) Савдо ва истисмори кӯдакон. Ин мудҳиштарин шакли савдои одамон аст. Кӯдакон барои ҷалб ба корҳои вазнин, талбандагӣ (гадоӣ), иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона ё истисмори шаҳвонӣ хариду фурӯш мешаванд.

4) Қочоқи узвҳои инсон. Аз сабаби нарасидани узвҳои донорӣ барои пайвандсозӣ (трансплантатсия) дар тибби муосир, бозори сиёҳи хариду фурӯши узвҳо (гурда, ҷигар, дил) ба вуҷуд омадааст. Қурбониёнро баъзан бо роҳи фиреб ё зӯроварӣ ба ҷарроҳӣ ҷалб мекунанд.

Оқибатҳои фоҷиабори савдои одамон

Савдои одамон на танҳо барои худи қурбонӣ, балки барои тамоми ҷомеа оқибатҳои вазнин ва харобиовар дорад. Шахсоне, ки аз ғуломӣ наҷот меёбанд, гирифтори бемориҳои вазнини ҷисмонӣ ва равонӣ мегарданд. Онҳо ба синдроми осеби равонии баъди стресс (ПТСР), депрессия ва тарси доимӣ мубтало мешаванд. Қурбониёни истисмори шаҳвонӣ аксар вақт ба бемориҳои сироятии тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда (ба монанди ВНМО/БПНМ – ВИЧ/СПИД) гирифтор мешаванд. Онҳо эътимодро ба одамон гум карда, баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ барояшон ниҳоят душвор аст. Ин ҷиноят институтҳои оила ва ҷомеаро вайрон мекунад. Савдои одамон иқтисодиёти пинҳониро (сояафканро) рушд дода, маблағҳои азимро ба дасти гуруҳҳои террористӣ ва мафияҳои байналмилалӣ ворид месозад, ки ин бевосита ба амнияти миллии кишварҳо таҳдид мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавқеи ҷуғрофӣ ва раванди густурдаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар харитаи глобалии савдои одамон асосан ҳамчун «кишвари манбаъ» (кишваре, ки аз он ҷо одамонро мебаранд) ва баъзан ҳамчун «кишвари транзитӣ» баромад мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон хатари ин зуҳуротро амиқ дарк намуда, дар самти муқовимат бо он як қатор тадбирҳои муассир андешидааст. Соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» қабул гардид, ки заминаи асосии ҳуқуқиро дар ин самт муайян мекунад. Дар Кодекси ҷиноятии кишвар (моддаи 130(1)) барои савдои одамон ҷазои сахт пешбинӣ шудааст.

Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон фаъолият мекунад, ки кори вазоратҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ҷамъиятиро ҳамоҳанг месозад. Инчунин, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ/IOM) ва дигар созмонҳои байналмилаливу созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ (ба монанди марказҳои буҳронӣ) барои баргардонидан, табобат ва барқарорсозии иҷтимоии қурбониён корҳои назаррасеро анҷом медиҳад.

Роҳҳои ҳал ва пешгирии савдои одамон

Мубориза бо савдои одамон раванди мураккаб буда, муносибати фарогир (комплексӣ)-ро талаб мекунад. Барои решакан кардани ин зуҳурот тадбирҳои зерин бояд амалӣ карда шаванд:

1. Пешгирӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ. Муҳимтарин силоҳ бар зидди савдои одамон ин иттилоот аст. Бояд дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва тавассути воситаҳои ахбори омма (телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ) маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷа бояд донанд, ки шиносномаи худро ба ҳеҷ кас надиҳанд, шартномаи меҳнатиро дақиқ омӯзанд ва рақамҳои телефони сафоратҳову хатҳои бовариро бо худ дошта бошанд.

2. Беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ. Ташкили ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди деҳот метавонад сатҳи муҳоҷирати бенизом ва осебпазирии аҳолиро коҳиш диҳад.

3. Пайгарди қонунӣ ва ҷазои ногузир. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд на танҳо иҷрокунандагони хурд, балки ташкилкунандагони асосии шабакаҳои транмиллиро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашанд. Молу мулки ҷинояткорон бояд мусодира гардида, маблағи он барои барқарорсозии қурбониён равона карда шавад.

4. Ҳимоя ва барқарорсозии қурбониён. Қурбониёни савдои одамон набояд ҳамчун ҷинояткор (масалан, барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ё фоҳишагӣ) ҷазо дода шаванд. Ба онҳо бояд кумаки ройгони тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва паноҳгоҳҳои амн (шелтерҳо) пешниҳод карда шавад.

5. Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Азбаски савдои одамон ҷинояти фаромарзӣ аст, ҳеҷ як давлат наметавонад онро ба танҳоӣ мағлуб кунад. Табодули иттилооти фаврӣ байни мақомоти полиси кишварҳо, Интерпол ва гузаронидани амалиётҳои муштарак барои нобуд сохтани шабакаҳои ҷиноятӣ шарти асосии муваффақият мебошад.

Савдои одамон доғи сиёҳ дар чеҳраи инсонияти муосир ва нақзи дағалонаи ҳуқуқи бунёдии инсон – ҳуқуқ ба озодӣ ва ҳаёт мебошад. Ҳеҷ як баҳонае наметавонад табдил додани инсони зиндаро ба молу матоъ ва манбаи даромад сафед кунад. Мушкилоти ғуломии муосир на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ё созмонҳои байналмилалӣ, балки дарди умумии тамоми ҷомеа аст. Бетарафӣ ва хомӯшии мо метавонад ба осиёби ҷинояткорон об резад. Ҳар як шахс бояд нисбат ба сарнавишти наздикону пайвандон ва ҳамватанони худ ҳассос бошад, то онҳо ба доми фиреб наафтанд. Танҳо тавассути баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ, ҳамбастагии ҷомеаи шаҳрвандӣ, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва татбиқи беамони қонун мо метавонем решаи ин дарахти заҳргинро хушк кунем. Бояд дар хотир дошт: Озодии инсон арзиши олӣ аст ва он ҳеҷ гоҳ набояд предмети хариду фурӯш қарор гирад.

Султонзода Н.С. – мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ