СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ТАЪЛИМИЮ ТАРБИЯВӢ

606

Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус – COVID-19 миёни устодону кормандони донишгоҳ семинар-машваратҳо гузаронида мешавад. Санаи 11.01.2021 ҷиҳати иҷрои нақша-чорабинии мазкур бо ташаббуси шуъбаи тарбияи донишгоҳ чунин семинар-машварат бо иштироки мудири шуъбаи санитарию эпидемологии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Хуршед Муллоев доир гардид.

Дар нишаст таъкид шуд, ки шуъбаи тарбия, таҳти роҳбарии муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти муовинони декан дар ин самт татбирҳои мушаххас андешида, ташкили чунин нишастҳоро саривақтӣ мешуморад.

Дар кори семинар-машварати навбатӣ мудири шуъбаи санитарию эпидемологии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Хуршед Муллоев оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои зиддиэпидемикии пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин семинарҳо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нушокиҳои хунук ва ғ. мебошад, ки саҳми муовинони декан дар амалӣ гаштани ин корҳо муҳим мебошад.

Дар ҷараёни семинар-машварат муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Абдулмуминзода Н. бо намояндагони қисми таълим, тарбия ва кормандони Маркази тестӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таҳсилоти фосилавӣ оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, ташкили корҳои судманд дар рафти сессияи санҷишии зимистнаи солҳои 2020-2021 ва ҷамъбасти он, инчунин, иштироки донишҷӯён ва назорати омаду рафти онҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои беҳдошт ва тартибу низоми самти таълим супоришҳои қатъӣ дод.

   Дар интиҳо муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Абдулмуминзода Н. ба чанде аз муовинони деканҳо, ки дар корҳои таълимӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷараёни сессисияи санҷишию имтиҳонӣ фаъолияти хуб нишон додаанд, “Ифтихорнома”-и ДМТ дода шуд.