СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

128

Имрӯз (17.05.2022) дар факултети фарматсевтии ДМТ, семинари илмию амалӣ дар мавзӯи: Ҳамгироии таълими фарматсевтӣ бо истеҳсолот дар чорчӯбаи “Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) баргузор гардид. Семинари илмию амалӣ бо сухани муқаддимавӣ декани факултети фарматсевтӣ н.и.б., дотсент, Фаридуни Кишвари Раҷабзода ифтитоҳ ёфта, дар кори семинари илмию амалӣ ҳайати устодону кормандон, меҳмонон, ва донишҷӯёнро хайрамақдам гуфтанд. Сипас бо маърӯзаҳои худ: Юсуфов Р. – директори Парки технологии ДМТ, дар мавзӯи “Парки технологӣ ҳамчун пойгоҳи амалӣ барои тақвияти раванди таълими фарматсевтӣ”. Халифаев Пайрав Давлатович, мудири Маркази дорусозии Парки технологии ДМТ, дар мавзӯи “Ҳамгироии таълими фарматсевтӣ бо истеҳсолот дар чорчубаи «Солҳои рушди саноат – 2022-2026». Шукуров Абдуҳалим Абдуалимович, донишҷўи курси 4-уми факултети химия, ихтисоси химияи татбиқӣ, дар мавзӯи “Истеҳсоли нурии комплексӣ аз моддаҳои минералӣ ва органикӣ”. Кабирова Маҳноза Зафаровна, донишҷўи курси 2-уми факултети муносибатҳои байналмиллалии ДМТ, дар мавзӯи “Экологические и экономические аспекты переработкииспользованных пластиковых бутылок”. Авзалов Ардашер, Мудири бахши идоракунии лоиҳаҳои Раёсати муносибатҳои байналхалқии ДМТ суханронӣ намуданд.