ШӮРО: СУХАН АЗ ДАСТОВАРДҲО

1629

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДМТ, ки санаи 31-уми март баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадршиносӣ намуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети филологияи рус Мухаметов Ғ.Б. – шаҳодатномаи профессорӣ, ба декани факултети журналистика Исматов С. – шаҳодатномаи дотсентӣ, ба устоди факултети механикаву математика А.Дадабоев барои иштирок дар чорабинии ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба шоҳмот – «Ифтихорнома», ба мудири Маркази иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳ Т.Иҳромов – «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми ҶТ, ба ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва роҳбарони онҳо мукофотпулӣ супорид.

Дар идомаи ҷаласа роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ гузоришҳо шунида, мавридӣ баррасӣ қарор гирифтанд.