Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон созмони ҷамъиятии илмӣ буда, пас аз баргузории нахустин конференсияи илмии олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 бо фармоиши ректори донишгоҳ дар назди Раёсати илм ташкил карда шудааст. Шӯро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон олимони ҷавони факултетҳо, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Литсейи табиӣ-риёзӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳиро муттаҳид менамояд. Инчунин, олимони ҷавонро ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ҷалб намуда, назорат оид ба иҷрои саривақтии ҳуқуқу манфиатҳои олимони ҷавон ва рушди илмию тадқиқотӣ ва эҷодии онҳоро таъмин месозад. Шӯро корҳои иқтидори илмидоштаро ташкил намуда, фаъолияти олимон – устодони ҷавони то синни 35-соларо, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ҳамоҳанг месозад.
Шӯро фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи намунавии Шӯрои олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №9/41, аз 29 июни соли 2016) ва «Низомномаи Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» (Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти №9, аз 5 апрели соли 2017) ба роҳ монда, дар ҳайати олимони ҷавони то синни 35-сола ташкил карда мешавад, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни илм ба омӯзишу пажӯҳиш ва таълим машғуланд.
Шӯрои олимони ҷавони ДМТ бо мақсади иҷрои бомуваффақияти вазифаҳо ва рушди фаъолияти олимони ҷавон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Шӯрои олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯроҳои олимони ҷавони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҳамкории доимӣ дорад. Шӯро дар асоси нақшаи кории солона, ки дар ҷаласаи умумии раёсати Шӯро муҳокима ва қабул гардида, аз ҷониби муовини ректор оид ба илм тасдиқ карда мешавад, фаъолият менамояд. Ҷаласаи Шӯро на камтар аз се маротиба дар як сол бо иштироки сардори Раёсати илм ва ё мудири Шуъбаи ахбори илмию техникӣ ва аъозоёни раёсати Шӯро баргузор мегардад. Сохтори Шӯрои олимони ҷавон аз раис, муовин, котиб ва 24 аъзои раёсат иборат буда, раиси Шӯро дар ду сол як маротиба бо пешниҳоди раёсати Шӯро дар Шӯрои олимони донишгоҳ бо роҳи овоздиҳӣ ва гирифтани овози бештар интихоб ва тасдиқ мегардад.
Нахустин раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ устоди факултети физика, номзади илмҳои физикаю математика (ҳоло академик) Фарҳод Раҳимӣ буда, солҳои 1999-2000 дар ин вазифа кор кардааст. Пас аз як сол, соли 2000 устоди факултети геология, номзади илмҳои геологияю минералогия Фарҳод Ғафуров раиси Шӯро интихоб гардида, ин вазифаро соли 2009 бар дӯш дошт. Шӯроро давоми солҳои 2010-2012 устоди факултети физика, номзади илмҳои физикаю математика Афзалшо Зарифов сарварӣ кардааст. Солҳои 2013-2015 раисии Шӯро ба уҳдаи устоди факултети журналистика, номзади илмҳои филологӣ Илҳомҷон Ҳамидов вогузор карда шуд. Аз соли 2015 то соли 2018 ин вазифаро устоди факултети кимиё, номзади илмҳои кимиё Эркин Файзуллоев бар зимма дошт. Аз моҳи декабри соли 2018 то ин ҷониби раисии Шӯрои олимони ҷавонро устоди факултети физика, номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбонов бар уҳда дорад.
Сохтор ва ташкили фаъолияти Шӯро
- Шӯро дар ҳайати олимони ҷавони то 35-сола ташкил карда мешавад, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни илм ба омӯзиш, тадқиқот ва таълим машғул буда, коргарони асосӣ (штатӣ)-и зерсохторҳои гуногуни донишгоҳ мебошанд ва ё ба ҳайси магистр, унвонҷӯ, доктор (Ph.D) аз рӯйи ихтисос ва аспиранти донишгоҳ таҳсил ва ё корҳои илмӣ тадқиқотӣ мебаранд.
- Шӯро дар асоси нақшаи кории яксола, ки дар ҷаласаи умумии олимони ҷавон баррасӣ, муҳокима ва қабул гардида, аз ҷониби муовини ректор оид ба илм тасдиқ карда мешавад, фаъолият менамояд.
- Ҷаласаи умумии олимони ҷавон на камтар аз 3 маротиба дар як сол барои баррасӣ, муҳокима ва қабул намудани самтҳои асосии фаъолият, нақшаи корӣ, инчунин муҳокимаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯро, азнавинтихобкунии раис ва аъзоёни раёсати Шӯро баргузор мегардад. Ҷаласаи Шӯро салоҳиятдор шуморида мешавад, агар дар он на камтар аз 51%-и аъзои раёсати Шӯро иштирок намоянд. ü Банақшагирӣ, ташкил ва мувофиқгардонии фаъолияти Шӯро аз тарафи аъзои раёсати Шӯро ба роҳ монда мешавад.
- Ба ҳайати аъзоёни раёсати Шӯро (ба истиснои Раис) як нафарӣ аз ҳар як факултет, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Литсейи табиӣ-риёзӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ (кафедра) дохил мегарданд, ки аз тарафи роҳбарият ва олимони ҷавони худи ҳамон факултет, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Литсейи табиӣ-риёзӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ пешниҳод гардида, манфиатҳои ин зерсохторҳоро ифода карда тавонад.
- Ҳайати аъзои раёсати Шӯро дар ҷаласаи умумии олимони ҷавони донишгоҳ бо роҳи овоздиҳӣ ба муҳлати 2 сол, бо хуқуқи азнавинтихобкунӣ тасдиқ мегардад.
- Шумораи аъзои раёсати Шӯро набояд аз 21 нафар кам ва аз 31 нафар зиёд бошад.
- Аъзои раёсати Шӯро фаъолияти илмии олимони ҷавони факултетҳо, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Литсейи табиӣ-риёзӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳиро назорат намуда, алоқаи байни олимони ҷавонро мустаҳкам мегардонад ва ҳамасола оид ба корҳои иҷронамудаашон дар назди роҳбарияти факултет, институт, литсей ва кафедраҳояашон ҳисобот медиҳанд, ки натиҷаи корашон ба таври қаноатбахш ё ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ мегардад.
- Дар ҳолати қонеъ нагаштани талаботи факултет, институт, литсей ва кафедра ва ё ғайриқаноатбахш будани ҳисоботи аъзо, роҳбарияти сохторҳои номбурда ҳуқуқ доранд, ки аъзои пешниҳоднамудаашро бозхон намуда, аъзои нави дигарро ба раёсати Шӯро пешбарӣ намоянд.
- Аъзои раёсати Шӯро нақша ва самти фаъолияти худро бо муовинони деканҳо оид ба илм мувофиқа ва ҳамоҳанг менамоянд.
- Мақомоти олии идоракунии Шӯро ҷаласаи раёсати Шӯро мебошад. Ҷаласаи раёсати Шӯро раиси Шӯроро ба муҳлати ду сол интихоб ва номзадии ӯро ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод мекунад.
- Фаъолияти раёсати Шӯро ва аъзои онро дар маҷмӯъ раиси Шӯро ба роҳ мемонад.
- Фаъолияти Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳро муовини ректор оид ба илм назорат мекунад.
- Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ фаъолияти шӯроҳои олимони ҷавони поёнӣ – факултетҳо, институт, литсей ва кафедраҳоро таҳти роҳбарии худ қарор медиҳад.
- Раиси Шӯро дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ бо роҳи овоздиҳӣ ва гирифтани овози бештар интихоб ва тасдиқ мегардад.
- Раиси Шӯро бояд дорои дараҷаи илмӣ буда, ба муддати на камтар аз се сол дар донишгоҳ фаъолият карда бошад.
- Раиси Шӯро ба муддати 2 сол бо ҳуқуқи азнавинтихобкунӣ (на бештар аз 2 маротиба пай дар пай) интихоб карда мешавад.
- Дар ҳолати пешниҳод намудани номзадӣ ба раисии Шӯро аз тарафи номзад бояд барномаи дусолаи кории Шӯро пешниҳод карда шавад.
- Раиси Шӯро ҳуқуқ дорад, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва Раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ иштирок намояд.
- Шӯрои олимони ҷавон дорои бланк ва нишони худ мебошад. Аъзои раёсати Шӯрои олимони ҷавони ДМТ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дошта метавонанд.
Мақсад ва вазифаҳои Шӯро
- Муттаҳид намудани олимони ҷавони донишгоҳ, баҳри рушду пешрафти илм, ҳамкорӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва зарфияти илмии олимони ҷавон.
- Муттаҳид намудани неруи эҷодии олимони ҷавон баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимми илмӣ.
- Беҳтар ва фаъол намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони ҷавон тавассути вохӯриҳо, мизи мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо ва симпозиумҳои илмӣ.
- Таъмини иштироки олимони ҷавон дар лоиҳаҳои тадқиқотӣ, грантҳо, озмунҳо, семинарҳо, барномаҳо ва таҷрибаомӯзиҳо.
- Барқарор ва васеъ намудани алоқа бо Шӯрои олимони ҷавони дигар донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ.
- Коркард ва амалӣ намудани чорабиниҳои илмӣ баҳри беҳтар гардонидани фаъолияти илмии олимони ҷавони донишгоҳ.
- Ташкили тадқиқотҳои иҷтимоӣ, психологӣ ва педагогӣ бо мақсади муайян кардани мушкилоти олимони ҷавон ва ёфтани роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо.
- Таъсиси манбаи маълумоти иттилоотӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони ҷавон.
- Додани иттилоот ба олимони ҷавон оид ба барномаҳои илмӣ, фондҳо, лоиҳаҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳое, ки дар марказҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегардад.
- Ташкил намудани ҷамъомад, семинар ва мизҳои мудаввари олимони ҷавон оид ба масъалаҳои гуногуни илмӣ ва инчунин, ташкили маҳфилҳои илмию эҷодии олимони ҷавони донишгоҳ.
- Ҷалби олимони ҷавон дар корҳои озмунӣ, ихтироъкорӣ дар сатҳои гуногун. Ø Ташкил намудани маҳфилҳои илмию истеҳсолии олимони ҷавон баҳри татбиқи натиҷаи корҳои илмии худ дар истеҳсолот.
- Гузаронидани конференсияҳои илмии олимони ҷавон ва ҳамзамон ба табъ расонидани натиҷаи корҳои илмии онҳо.
- Мусоидат ба корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони ҷавон баҳри беҳтар намудани маҳсулнокии кори онҳо ва баланд бардоштани рейтинги нашри мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои бонуфузи хориҷӣ.
- Ба ҷоизаҳои гуногун пешниҳод намудани олимони ҷавон.
- Кумак ба олимони ҷавон баҳри гузаронидани тадқиқотҳои муштарак ва байнифаннӣ.
- Гузаронидани озмунҳои гуногун бо мақсади баланд бардоштани рейтинги фаъолияти илмии олимони ҷавон.
- Коркард, ташкил ва азнавнамоии саҳифаи махсус дар сайти донишгоҳ бо мақсади таъмин намудани алоқа ва ҳамкорӣ байни олимони ҷавони донишгоҳ бо олимони ҷавони дигар марказҳои илмӣ.
- Ба роҳ мондани алоқаи олимони ҷавон бо дигар донишгоҳҳои кишварҳои рушдкарда баҳри такмили ихтисос, аз худ намудани дастовардҳои илми муосир ва татбиқи онҳо дар амал.
- Таҳия ва ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии олимони ҷавон. Ø Тарғибу ташвиқи илму дониш, навгонию дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва дигар мавзӯъҳои илмӣ миёни хондагону донишҷӯён ва ҷавонони ба корҳои илмӣ бандбуда.