Шанбегии донишгоҳӣ

546

Имрӯз (30.07.2022) бо ташаббуси Раёсати маъмурию хоҷагидории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди бинои маркарзӣ, Шаҳраки донишҷуён ва хобгоҳи №8-и донишгоҳ шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд. Шанбегии мазкур бо иштироки кормандони раёсати маъмурию хоҷагидорӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ гирду атрофи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ҷӯйбору роҳравҳо, ҳудуди бинои марказии донишгоҳ, шаҳраки донишҷуён ва хобгоҳи №8 тозаю озода карда шуд. Инчунин, атрофи дарахтон нарм ва гулҳои ороишӣ аз алафҳои бегона тоза карда шуд. Шанбегии мазкур бо мақсади ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳо ва гирду атрофи хобгоҳҳои донишгоҳ роҳандозӣ шуд.