СУБОТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН

19

Имрӯз (22.05.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Суботи энергетикӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар истифодаи неруи барқ” баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, мутахассисони соҳаи энергетика, омӯзгорони Донишгоҳ, муҳаққиқон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоишро мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Саидзода Ҳусниддин ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки дарки аслии қонуни қабулшуда барои аҳли ҷомеа муҳим ва зарурӣ буда, барои коҳиш додани талафоти неруи барқ масъулият ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Дар ҳамоиш сардори назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Исроил Толибзода аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ мушоҳида мегардад, масъалаи захира ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти муҳим касб намудааст. Бо назардошти ин, масъалаи истифодаи самараноки неруи барқ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

«Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот самаранок амалӣ мегардад. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва худи ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳм гузоранд».

Зимнан доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДМТ Раҳимзода Ҳисайн Раҳим доир ба “Таъсири сарфаю сариштакорӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ Шарипов Тақдиршоҳ оид ба “Ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ” ва Шерзода Бурҳоналӣ Сабзалӣ – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ (харидорон) тибқи шартномаи таъмини энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаҳояшонро баён намуданд.

Таъкид гардид, ки масрафи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ ба рушди босуботи иқтисодии оила ва давлат мусоидат менамояд.