СУХАН АЗ КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ

852

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардида, баҳри пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ин нукта имрӯз (01.11.2022) зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат», ки дар пояи кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ доир гардид, баён шуд.Дар кори конференсия олимони соҳа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону унвонҷӯён, ҳамзамон, сардори раёсати илми донишгоҳ Наботӣ Р. иштирок намуданд. Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонализода Н.Ш. зимни ироаи суханронии худ оид ба аҳамият ва зарурияти мавзӯи матраҳшаванда суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Конститутсияи Тоҷикистон истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.

Сипас профессори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултет Ашурбой Имомов оид ба “Таъмини устувории Конститутсия”, Академики Академияи миллии илмҳо, д.и.ҳ., профессор Маҳкам Маҳмудзода, доир ба “Нақши Суди Конститусионӣ дар таъмини волоияти Конститутсияи миллӣ», профессори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ Диноршоҳ Азиз Мусо, оид ба «Развитие конституционной реформы и дальнейшее развитие прав человека в Таджикистане”, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Иззатулло Саидзода, оид ба “Баъзе андешаҳо доир ба функсияҳои асосии Конститутисяи ҶТ”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ Фирӯз Сулаймонов, доир ба “Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқи гражданӣ”, профессори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ Бурҳонидин Гадоев, оид ба “Таҳкими асосҳои ҳуқуқии интихобот дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Расул Маъруфӣ, оид ба “Асосҳои конститутсионии фаъолияти мурофиавӣ- маъмурӣ” ва дигарон марӯза намуданд.