СУХАН АЗ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДОРӢ

243

Имрӯз (17.01.2023) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар партавии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиаҳти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо донишҷӯёни курси аввали шакли таҳси фосилавӣ дар толори калони шаҳраки донишҷӯён вохӯрӣ намуд.

 Зикр гардид, ки тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор меравад. Дарки ин мавзӯ вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки давомоти донишҷӯёни шакли таҳсили фосилавӣ ҳатмӣ буда, донишгоҳ тамоми шароитро ҷиҳати таҳсили донишҷӯён муҳайё сохтааст. Дар ин замина таъкидшуд, ки донишҷӯёне дар озмунҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунаду сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, аз маблағи шартномаи таҳсил озод карда мешавад. Аз ин имкониятҳо ҷавонон хуб истифода намоянд ва бештар ба илмомӯзӣ машғул шаванд.

«Тавре Сарвари давлат борҳо, хусусан зимни ироаи паёмҳо иброз медоранд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст ва маҳз ҷавонон метавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии хеш баҳри боз ҳам беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд”-, гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Нурулло Қурбонализода баромад намуда, зикр намуд, ки воқеан масъалаҳои марбут ба ҷавонон, таълиму тарбияи онҳо, шуғл ва касбу кор, маърифату одобу дониш, огоҳӣ аз ҷаҳони муосир муҳимтарин масъалаҳои рӯз мебошанд.

Дар идомаи вохӯрӣ намояндагони донишгоҳ оид ба масъалаҳои терроризму экстремизм, коррупсия, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати иҷрои санадҳои ҷойдошта дар ин самт, хусусан ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тавсеаҳои судманд доданд.