ТАҶДИДИ НАЗАР БА ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТОН

345

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо докторантони Ph.D вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар робита ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи талаботи як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби аср, аз қабили терроризму экстремиз суханронӣ намуда, саҳми муқаққиқонро дар татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа ректори донишгоҳ оид ба дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ ва сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои тарбиявию маърифатии факултетҳову донишгоҳ тавсияҳои судманд дод. Гуфта шуд, ки фаъолияти докторантони Ph.D бояд аз ҷониби роҳбарон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта, пайваста муваффақиятҳои илмӣ натиҷагирӣ карда шаванд. Дар зимн оид ба масъалаҳои баррасишуда мутасадиёни самти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.