ТАҶДИДИ НАЗАР БА ФАЪОЛИЯТИ ФАКУЛТЕТ

44

Имрӯз дар вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети фарматсевтии донишгоҳ масъалаҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки дар фаъолияти факултет баъзе мушкилиҳо вуҷуд доранд ва корбарӣ дар сохторҳои он ба таҷдиди назар ниёз доранд.

Таъкид шуд, ки дар самти интизоми меҳнат, эҳтироми якдигар, ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳо, истифодаи технологияҳо замонавӣ дар раванди таълим, тақсими соатҳои фаъолу ғайри фаъол, ҳимояи рисолаҳои номзадии докторӣ, таъсиси Шурои диссертатсионии ватанӣ, баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ( ва ғайра) чораҳои қатъӣ андешида шуда, дар мӯҳлати муайян мушкилиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд.