ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

15

Имрӯз (07.05.2026) дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет чорабинии маърифатӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоқикистон Холзода Гулмурод ва Иброҳимзода Толибҷон, инчунин, декани факултети фарматсевтӣ, дотсент Каримзода Фирдавс ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Акбарова Зулхумор иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Гуфта шуд, ки ҳадафҳои стратегии расидан ба истиқлоли энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими неруи инсонӣ, ҳифзи саломатии ҷомеа, вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Ҳамчунин, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” аз масъалаҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ илм ва маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамчун заминаи асосии пешрафти устувори мамлакат баррасӣ карда мешаванд.

Инчунин, қайд гардид, ки ҳифзи Ватан, марзу бум ва ҳуввияти миллӣ барои ҳар як фарди бонангу номус фарз аст. Бояд ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо дода нашуда, ифротгароӣ ва терроризмро қатъият манъ карда, онро маҳкум кунем, ки то ҷавонон фирефтаи онҳо нагарданд. Зеро солҳои охир шомилшавии баъзе аз наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ба назар мерасад, ки, албатта, боиси ташвишу нигаронист. Дар шароити кунунӣ шомилшавии баъзе ҷавонон ба равандҳои номатлуб, аслан тавассути шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ расонда мешавад, чунки аксарияти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон мебошанд, ки ин ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад. Сабаби ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо шомил шудани онҳо, пеш аз ҳама, надоштани саводи кофии дунявию динӣ ва дар сатҳи пасти тарбия, хусусан тарбияи ҳуқуқӣ қарор доштани ҷавонон мебошад.

Аз ин рӯ, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳои болозикр ба ҷавонону наврасон имкон медиҳад, ки маълумоти зарурӣ дар бораи Конститутсия, дар бораи ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту таассуб, таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангиро пайдо намоянд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастури раҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии ватани маҳбубамон дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.