ТАҲКИМИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ…

135

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар баробари омода намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият имрӯз (10.01.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ бо донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти факултетҳои равияи омӯзгоридошта ва беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, инчунин, доир ба назорати доимии донишҷӯёни таҷрибаомӯз аз ҷониби устодони донишгоҳ суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар донишгоҳ имрӯз аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ мутахассис омода карда мешавад, ки тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ барои идомаи фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар идомаи вохӯрӣ доир ба таъмини кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, бохабар будани мутахассисони ҷавон аз техника ва технологияи нав андешаҳои ҷолиб сурат гирифт. Ҳамзамон, ректори донишгоҳ оид ба нозукиҳои касби омӯзгорӣ, методикаи дурусти таълим, дуруст тарбия намудани насли наврас, ҷалби мутахасисони лаёқатманди равияи фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз суханронӣ намуданд.