ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН ВА ТАҚВИЯТИ ЗАМИНАҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН

1196

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки мақсади сиёсати давлатии мо дар соҳаи кор бо ҷавонон аз тарбияи кадрҳои маданию маълумотдор ва мутахассисону наслҳои дараҷаи дониши васеъдошта ва ватандӯст иборат аст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дуруст тарбия намудани насли наврас мутобиқи талаботи замон мебошад, ки моҳияти миллии сиёсати давлати моро дар соҳаи кору тарбия бо ҷавонон ифода менамояд. Тоҷикистон воқеан имрӯз ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад, чун қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим мавзуъҳои баррасинашуда ва конҳои кашфнагашта он қадар зиёданд, ки метавон дар ин бобат зиёд навишт.

Аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, фаҳшу таҳқир, унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсонро қабул надоранд.

Раиси муаззами ҳизб дуруст ва бамаврид гуфтанд, ки сохторҳои татбиқсозандаи сиёсати давлатии ҷавонон бар зидди зуҳуроти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароию оштинопазрии динию мазҳабӣ ҳанӯз оқилона ва пайгирона мубориза бурда наметавонанд.

Дар давоми солҳои охир ҳодисаю падидаҳое ба мушоҳида мерасанд, ки метавонанд дар оянда ба раванди инкишофи ҷомеаи мо халали ҷиддӣ ворид намуда, ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро ноором созанд. 

Фаъолияти пинҳонкоронаву радикалии ҳизбҳои экстремистӣ ба афкори ҷомеа ва, пеш аз ҳама, ба ҷавонон таъсири манфӣ расонида, аъзои он муқобили сохти конститутсионӣ, Истиқлолият, арзишҳои демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ баромад мекунанд, ки ин бар хилофи меъёрҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, фарҳанги миллӣ ва эҳтироми забони модарӣ мебошад.

Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият таҳлилҳои сиёсии гузаронидашуда дар асоси ҳуҷҷатҳову фаъолияти амалии ин ҳизб муайян карданд, ки мақсади асосии ин гурӯҳҳо ба зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият ва созмон додани хилофати ягонаи исломӣ мебошад.

Афкори экстремистии мазҳабҳои дигар ва равияҳои навбаромадро мардуми мо, махсусан ҷавонон тайи чанд соли охир дар мизони ақли худ баркашида, дурустӣ ва нодурустияшро санҷанду хулосаи зарурӣ бароварданд. Мо донистем, ки аксарияти ин ҳизбу ҳаракатҳо ҳадафи нопок доранд, барои ба даст овардани ҳокимият қодиранд сӯи падару бародари худ тир кушоянд.

Дар мулоқотҳои худ Пешвои миллат ҳамеша таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи муҳим – ҳамкорӣ бо ҷавонон дар шаҳру навоҳии ҷумҳуриро мавриди баррасии амиқ қарор медиҳанд. Тақвият бахшидани ҷараёни кор бо ҷавонон низ ҳамеша таъкид мегардад. Ҷалби олимони ҷавон барои тарғибу ташвиқи сиёсати иҷтимоии давлат ба пешбурди корҳои сиёсиву мафкуравӣ ниҳоят зарур мебошад. Иқдомҳои ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию фарҳангӣ, андӯхтани илму дониш ва ободонии Ватан нигаронида шудааст.

Фаъолияти даҳсолаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» собит намуд, ки интизориҳо аз ин сохтор қисман бароварда шуда, кор дар ин самт ҳанӯз идома дорад.

Ҷавонон аз муҳимтарин қишрҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошанд ва дар ҷараёни тақсимоти иҷтимоӣ-сиёсӣ бевосита иштирок мекунанд, ҷалб мешаванд ва ё имконияти тавонӣ дар тақсимоти иҷтимоӣ-сиёсии минбаъда доранд. Фарогирии сохтории сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ аз муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки мавқеи иҷтимоӣ-сиёсии ҷавонони мо тавассути онҳо муқаррар мешавад.

Ҳадафи ба вуҷуд овардани муҳит ва шароити мусоид барои вусъати ҳамаҷонибаи неруи ҷавонон ҳамеша дар ҷойи назаррас буда, вазифаю мақсад ва принсипҳои он ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, чунки онҳо объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз талаботи давр ва вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар бармеояд. Амалӣ намудани ин қонун муносибатҳои гуногуни меҳнатиро ба вуҷуд оварда, талаб менамояд, ки дар қонунгузории соҳаи мазкур тағйирот гузаронида шавад ва вобаста ба ин, мавриди амал қарор додани ин қонун низ талаби замон аст.

 Инкишофи тамоюлҳои мусбати иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоию иқтисодии онҳо дар марҳалаи муосир танҳо вазифаи давлату ҳукумат нест. Дар ҷомеаи демократӣ ин мушкилотро созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ низ ҳаллу фасл менамоянд.

Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон ба ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст. Зарур аст, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, ҳарбии мудофиавӣ, идеологӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон такмил дода шуда, ҷиҳати рушди фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.

Мо-ҷавонон сарнавишти ибратомӯзи гузаштаҳои худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи куҳану нави миллати худро хуб медонем. Дар акси ҳол ҳеҷ касе аз ноогоҳию бехабарӣ ватандӯст ва миллатдӯсти ҳақиқӣ шуда наметавонад. Ин ҳама танҳо дар натиҷаи дарки моҳияти мафҳумҳое чун Тоҷикистон, Модар-Ватан, Ваҳдат, Истиқлолият, давлат, сулҳ, ягонагӣ, ҳамбастагӣ, якпорачӣ, шукргузорӣ ва амсоли инҳо ба миён меояд.

Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода,

номзади илми филология,

дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ