ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДМТ

975

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф  гувоҳӣ  медиҳад. Имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳро зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, таҷлил намуданд. Чун анъана аҳли илму маориф, аз ҷумла ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар толорҳои факултету сохторҳои гуногуни донишгоҳ суханронии Пешвои миллатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ дастаҷамъона тамошо намуданд.

 Пас аз тамошои суханронии Пешвои миллат дар толори калони донишгоҳ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Дар доираи ин чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода З. ба донишгоҳ ташриф оварданд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва шароити хуби таҳсил суханронӣ намуд.

 Ализода З. зимни суханронии хеш оғози соли нави таҳсилро аз номи Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли устодону донишҷӯён табрик намуда, ба донишҷӯён омӯхтани илму донишро вазифаи аввалиндариҷа номиданд. Мавсуф оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуд.

 Сипас, декани факултети фарматсевтӣ, профессор Мусозода С., суханронӣ намуда, таълиму тарбияи дуруст ва баланд бардоштани сифати таълимро асоси пешрафти ҳамаи илмҳо ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон маънидод намуд.

 Дар ҷорабинии мазкур донишҷӯи курси чоруми донишгоҳ Гулафзо Пирова аз номи ҳамаи хатмкунандагони ДМТ меҳмони гиромиқадр ва устодонро табрик намуда, бо таманниёти нек ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии донишгоҳро ба намояндаи донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ Омина Рустамова супорид.

 Ҷамъомад бо сухани хотимавӣ ва таманниёти неки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ба охир расид.