ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

1172

Имрӯз (06.03.2020) бахшида ба Рӯзи модар – 8-уми март дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М.С. иштирок намуда, бонувонро ба ин рӯзи саид табрик гуфт.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, зумрае аз бонувони донишгоҳро бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Сипас ансанбли халқии “Наврӯз”- ДМТ баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи фарҳангиро намоиш доданд, ки дар баробари донишҷӯён, сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Шабнами Сурайё, Ситораи Кароматулло, Шабнами Собирӣ, Зайнура Пӯлодова, Сарвинози Юсуфӣ, Шаҳнозаи Рустам иштирок ва сурудхонӣ намуданд.