ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ДМТ

191

Имрӯз (24.11.2020) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишгоҳ ҳамоиши фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, оид ба муҳим ва муқаддас будани Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд.

Сипас устоди факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ Д. Сангинов доир ба таърихи пайдоиш ва давраҳои гуногуни тағйирёбии Парчами миллӣ аз нигоҳи ҳуқуқ суханронӣ намуда, афзуд, ки: «Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Он ифодагари мақсаду маром ва орзую ормони ҳар як миллату давлат аст».

Дар интиҳои чорабинӣ ансанбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Олими Ҷумъахон, Соро Аҳмадова, Хайриддини Шариф ва Мино барномаи рангини фарҳангиро пешкаши устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ намуданд.