ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

178

«Парчам – рамзи ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон»- таҳти чунин имрӯз 24 ноябр дар толори калони шаҳраки донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавии факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ иброз шуд, Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Рамзҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо, агар аз як тараф, гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

«Парчами миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба хотири ҳаёти арзанда ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ равона менамояд», — афзуд ректори донишгоҳ.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ гуфта шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии мамлакатро эҳтиром намояд ва ба инрукни муқаддас арҷ гузорад. Зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ- ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

Дар ҷараёни чорвбинӣ ғолибони Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” шеърҳо қироат намуданд, ҳамзамон, зумрае аз омӯзгорони фаъол бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.