ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

455

Тантанаи амният, субот ва муттаҳидии миллат

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи амният, субот, ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллати сарбаланди мо ва тамоми сокинони кишвари азизамон аст, зеро маҳз тавассути талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин саодат насиби миллат гардид. Аз ин рӯ, месазад, ки аз ин рӯзи накӯ ботантана таҷлил ва ба хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ шавад. Ин таҷлил ва арҷгузорӣ ба хотири худи мо низ ҳаст, зеро аз суботу амнияти саросарии кишвари азиз ва ваҳдату ягонагии миллати сарбаландамон мегӯем ва бо ифтихору масъулиятшиносӣ тантана мекунем. Мо хуб медонем, ки бо талошу ҷонбозиҳои ин абармард ба ин рӯз расидем. Вақте ҷонбозӣ мегӯем, ин як истилоҳи соддае нест, ки осон талаффуз мешавад, балки як ҳолати тасаввурпазире аст, ки Сарвари давлат ба хотири наҷоти миллат аз ҷони хеш гузашта буд. Ё овардан аз сафар ба хотири сулҳ ба Хустдеҳи Афғонистон яке аз чунин далелҳои сершумор аст.

Таҷлили Рӯзи Президент ба санае алоқаманд аст, ки бори нахуст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти тавассути раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда савганд ёд карданд ва масъулияти бузурги давлатсозиву давлатдориро бар дӯш гирифтанд. 16 ноябри соли 1994 пас аз раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 6 ноябр Президенти мамлакатро интихоб ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард, маросими савгандёдкунии Президент баргузор шуд.

Аммо таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо рӯйдоди муҳимми таърихии дигареро ёд дорад, ки он Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16-уми ноябри соли 1992 оғоз шуда буд. Бо амри таърих баъд аз асрҳои бедавлатӣ миллати ҷафодидаи мо 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин ва волотарин неъмат – Истиқлоли давлатиро ба даст овард. Мутаассифона, бо айби гуруҳу ҳизбҳо, афроди алоҳида ва дахолати бевоситаи ашхос ва гуруҳҳои алоҳидаи хориҷӣ кишвари мо ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, сарҷамъии миллат, таъмини оромию субот ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷик тақозо менамуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои хеле мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқўъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон асос гузошт. Бузургтарин дастоварди иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба майдон омад. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дўш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат баст, ки саҳифаҳои заррини давлатдории навини тоҷикон ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст.

Барои хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихияш ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллат ба ин абармарди миллат мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, ки он аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Имрӯз пайдо шудаанд нафароне, ки мегӯянд, пешниҳоди додани ин унвон ба номи нафарони алоҳида алоқаманд аст. Шояд чунин ҳам бошад, аммо муҳимтар аз ҳама, лоиқ донистани чунин унвони олӣ ифодагари иродаи халқ аст, зеро халқи қадршиноси мо ба хизматҳои бузурги фарзанди фарзонааш арҷ мегузорад. Халқ қаҳрамони худро мешиносад ва дӯст медорад. Беҳтарин саодати олам муҳаббати халқ аст, ки хушбахтона, ин бахти бузург насиби Пешвои муаззами мост.

Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омўзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Ин аст, ки ин рӯзи накӯро чун рамзи муттаҳидии миллат дар атрофи Пешвои муаззами хеш ва нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои беназирашон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мекунем. Муҳимтарин вазифаи ҳар яки мо дар шароити ҳассоси муосир ва таҳдиди хатарҳои эҳтимолии зиёд ҳифзи ҳамин муттаҳидӣ, субот, оромӣ ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, зеро худ бо чашми сар дида истодаем, ки сиёсатҳои бедодгари ҷаҳонӣ чӣ сон ошкору бепарда шуда истодаанд ва халқу миллатҳое, ки Пешвои воқеӣ надоранд, ба чӣ ҳолу вазъ гирифторанд…

Хушдил РАҲИМҶОН,муаллими кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ