ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИСТЕҲСОЛӢ

369

Мувофиқи нақшаи таълим бо фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёни курси 3- юми факултети биология, кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот аз 20.06.2022 то 04.07.2022 ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда шуданд.

Донишҷӯён бо дастгирии садорати факултет ва кафедраи мазкур дар Озмоишгоҳи миллии илмӣ- тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ машғул шуданд.

Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет миннатдории худро ба директори Озмоишгоҳи мазкур, дотсент Ғаниев Х.А., директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, д.и.т. профессор Саидмаҳмуд С. ва мудири шуъбаи ташхиси муассисаи мазкур Камолов Н. баён менамоянд.

Садорати факултет ва кафедра иқдом гирифтааст, ки минбаъд ҳамкории дуҷонибаро ба Институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, беморхонаҳо, озмоишгоҳҳои биохимиявӣ, иммунологӣ ва лабораторияҳои патогистологӣ ба роҳ монад ва мутахассисони хуб тарбия намояд. Дар ин бора Ахмедов Д. М. – мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биология иттилоъ дод.

Аксҳо аз рафти таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.