ТАҲСИЛ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

1039

ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК МЕТАВОНАНД БАРОИ ТАҲСИЛ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ САФАР НАМОЯНД

Бо фармони Ҳукумати Федератсияи Россия аз 31 марти соли 2021, №814-р донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони факултетҳои омодагӣ аз кишварҳои Венесуэла, Олмон, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка метавонанд барои идомаи таҳсил ба Федератсияи Россия баргарданд.

Тибқи санади нашршуда, ба рӯйхати давлатҳои дар қарори қаблан тасдиқшудаи Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2021, №639-р боз шаш кишвари дигар илова карда шуд ва ҳоло донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо, шунавандагони факултетҳои омодагӣ аз кишварҳои Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Венесуэла, Ветнам, Олмон, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Молдавия, Аморати Муттаҳидаи Араб, ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Сурия, Танзания, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Финляндия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд ба Россия ворид шаванд.

Рӯйхати давлатҳо барои вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Россия, ки аз ҷониби Ситоди фаврӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Россия мунтазам таҷдид карда мешавад, аз тарафи донишгоҳҳо ба донишҷӯён, аз ҷумла тавассути кабинетҳои инфиродӣ дар вебсайтҳои донишгоҳҳо, инчунин тавассути саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо пешниҳод карда мешавад.

Айни замон, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Россия Феҳристи муассисаҳои давлатии таълимие ташкил дода шудааст, ки донишҷӯёни хориҷии ҳанӯз ба Федератсияи Россия дохилнашударо метавонанд қабул намоянд. Донишгоҳҳое, ки ба қабули донишҷӯёни хориҷӣ омодаанд, аллакай бо портали хидматрасонии давлатӣ барои тартиб додани рӯйхати донишҷӯён (мутобиқи фармони № 635-р) кор мекунанд. Ин портал ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки аз гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва заминии сарҳадҳои кишварҳои аллакай кушода истифода баранд ва вуруди онҳо ба қаламрави Россия бемушкилӣ сурат гирад.

Барои ворид шудани донишҷӯёни хориҷӣ ба Россия як қатор қоидаҳо муайян карда шудааст, ки иҷроишаш барои ҳар донишҷӯйи ба ин кишвар сафармекарда ҳатмист.

Пеш аз вуруд ба Россия, донишҷӯёни хориҷӣ бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи убури марз огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, ба ҳар донишҷӯ дар бораи иҷозати вуруд ба қаламрави Россия тавассути почтаи электронӣ маълумот фиристода мешавад.

Донишҷӯ бояд на камтар аз 3 рӯзи тақвимӣ пеш аз вуруд ба Россия аз озмоиши COVID-19 (ПЦР) гузарад ва агар натиҷа манфӣ бошад, метавонад дар кишвари худ ҳуҷҷати дахлдорро бо забони русӣ ё англисӣ барои пешниҳод ба муассисаи дахлдори кишвари Россия гирад.

Инчунин, дар тӯли 72 соат пас аз вуруд ба қаламрави Россия, донишҷӯёни хориҷӣ бояд аз озмоиши дуввуми COVID-19 (ПЦР) гузаранд. То гирифтани натиҷаи санҷиш, онҳо бояд дар ҷои истиқомат дар ҳолати карантинӣ қарор дошта бошанд ва реҷаи худмуҳофизатиро риоя кунанд. Дар ин давра омӯзиш ба таври фосилавӣ сурат мегирад. Ба донишҷӯёни хориҷӣ иҷозат дода нашудааст, ки бидуни санҷиши дуюм дар шуъбаи рӯзона таҳсил кунанд.

Агар дар давраи карантин дар манзили истиқоматии худ, донишҷӯёни хориҷие, ки ба Россия меоянд, аввалин нишонаҳои бемории шадиди роҳи нафас (таб, дарди гулӯ, бинӣ ва сулфа)-ро пайдо кунанд, бояд фавран дар ин бора донишгоҳро огоҳ намоянд ва ба духтур муроҷиат кунанд.

Дастурамали пай дар пай дар бораи он, ки донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо, шунавандагони факултетҳои омодагӣ пеш аз вуруд ба Россия ва дар ҳафтаҳои аввали баъд аз он чӣ кор бояд кунанд, ба онҳо тавассути почтаи электронӣ фиристода шуда, ҳамзамон дар сомонаҳои донишгоҳҳо ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ҳамчунин, Вазорати илм ва таҳсилоти олии Россия дархост намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд барои маълумоти бештар ва дарёфт намудани посух ба саволи иловагӣ ба Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия тавассути телефони +7 (495) 198-00-00 ё почтаи электронии scminobr@mail.ru муроҷиат намоянд.

Инунин, ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни тоҷик, ки қаблан барои идома додани таҳсил дар Федератсияи Россия тавассути суроғаи электронии mbb@edu-cip.tj худро ба қайд гирифта буданд, расонида мешавад, ки ҷиҳати тибқи талаботи муайяннамудаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз нав ба қайд гирифтан ба суроғаи электронии мазкур муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути телефонҳои 223-23-59, 227-65-60, 221-30-33 ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.