ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ, ХУШВАХТЗОДА Қ. Х. БА МУНОСИБАТИ 29-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

185

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Имрӯз мову шумо 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият заминаи ба миён омадани тамоми пешрафтҳои халқи тоҷик гаштааст. Тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои халқи тоҷикро мо самари истиқлолият гуфта метавонем, чунки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ хеле хуб тараққӣ кардааст.

Истиқлолият барои халқи тоҷик яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз ба шумор меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои таърихи миллат ва давлат мебошад».

Тавре ишора намудем, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард. Таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва хусусан, хуб шудани илмомӯзии мардум, бештар гардид. Пешвои миллат дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуданд. Зеро маориф омили муайянсози пойдорӣ ва пешрафти ҷомеаву давлат аст.

Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, инчунин, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсаф аст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад. Маҳз дар замони Истиқлолия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чандин ихтисосҳои нав кушода шудааст, ки ҳамагӣ ин ихтисосҳо барои ҷомеаи наву соҳибистиқлоли мо заруранд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба якояки шумо самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори осоишта ва талошҳои созанда барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно дорам.