ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

1144

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

26-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 26-умин солгарди Конститутсияи кишварро таҷлил менамоем.

 Фаромӯш набояд кард, ки Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асосу партави он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархӯрдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукуҳу тантана таҷлил менамоянд».

Ёдовар шудан лозим аст, ки дар давоми 26 соли Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст. Дар ин давра нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ, ҳамзамон, дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ назаррас аст. Маҳз дар давоми 26 соли Конститутсия ин муассисаи илмиву таълимӣ барои мақомоти суд, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва берун аз он мутахассисони баландихтисосро тайёр намудааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати ҳуқуқӣ ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, инчунин, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи қонунгузории кишвар пешраву пешсаф ҳастанд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо мардуми шарифи кишварро ба муносибати 26 солагии қабули Қонуни асосӣ ҳамчун заминаи пойдори тамоми қонунгузории давлат самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурборро дар пешбурди қонунгузориҳои кишвар таманно дорам.