ТАДБИРЕ ДАР САМТИ РУШДИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

226

Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳила ба марҳила аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа карда шуд.Ҳамзамон, баҳри баланд гардидани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии шаҳрвандон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат дар нақша аст, ки китоби “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ нашр гардида, дастраси омма гардад.

Имрӯз (14.02.2024) раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти омавигардонии рӯзи тақдими китоб тадбири муҳим, аксияи тарбиявии тарғиботӣ – “Хадяи китоб”-ро ба роҳ монд. Дар саҳни биноҳои таълимии Шаҳраки донишҷӯён ба зумрае аз донишҷӯёни факултетҳо шумораи зиёде аз китобҳо тақсим карда шуд.

Қисмати расмии чорабинӣ бо иштироки устодону донишҷӯён дар Ганҷинаи ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода доир гардид, ки дар он устоди факултети филология, профессор Мирзо Солеҳов ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” Шоира Давлатзода атрофи аҳаммияти мутолиаи китоб суҳбат намуданд. Зимнан аксияи “Ҳадяи китоб” дар синфхонаҳои таълимӣ сурат гирифт, ки дар ин раванд ба донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ китоб тақдим карда шуд.

Қобили қайд аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти китобхон гардидани ҷомеа корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» мебошанд, ки бевосита таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир карда мешаванд.

Мақсад аз баргузории озмунҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи китобхонии хонандагону дигар сокинони мамлакат ва рӯ овардан ба илму дониш мебошад.

Бояд гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб тақозои замон буда, ба ҳукми анъана даромадани он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад. Зеро ҳадяи китоб ва ба он эътимод доштан тадбирест дар самти рушди маънавиёти ҷомеа.