Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо зумрае аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ташкили чунин вохӯриҳои судмандро роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ муҳим ва рӯзмара арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати ватандӯстона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон судманд меҳисобад. Дар робита ба ин дар чорабинии тарбиявии имрӯза судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе: Сафозода Амриддин Гул, Юсуфзода Зубайдулло Раҳматулло, Гулмаҳмадзода Мавзуна Давлатшо, Зарифзода Бегиҷон Зарифӣ ва Мустафозода Шаҳриёр иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ меҳмонон оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд.
«Имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст»- гуфта шуд дар вохӯрӣ.
Ҳ.Саидов – мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар иттиллоияи хеш афзуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ бо ҷавонон-донишҷӯён дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ роҳандозӣ шудааст. Мақсад аз баргузории ин вохӯриҳо сайқал додани донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии онҳо мебошад, ки дар доираи нақшаи мазкур миёни донишҷӯёни донишгоҳ доир мегардад.