ТАНДУРУСТИИ ҶАВОНОН – ТАНДУРУСТИИ МИЛЛАТ!

325

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон – 10-уми август табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави эҷодиро таманно дорам.

Имрӯз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш ва таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастовардҳои зиёд дида мешавад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат рӯзҳои шанбе – Рӯзи варзиш эълон шудааст ва пайваста дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногунӣ варзишӣ роҳандозӣ мешаванд. Ҳамзамон, бо пешниҳод ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат аз соли 2011 инҷониб 10-уми август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад.

Дар воқеъ, варзиш дар ҳама давру замон барои инсоният аҳамияти бузург тоштаву яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа шинохта шудааст. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои хеш ин масъаларо матраҳ намуда, ҳаёти солимро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамоянд: «Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем».

Устодону донишҷӯёни гиромӣ!

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳамасола бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дастаи варзишгарони донишгоҳ ба мусобиқаҳои гуногунсатҳ сафарбар мегарданд. Ҳамин аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ зимни иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 252 медал, аз ҷумла 65 медали тилло, 104 медали нуқра, 83 медали биринҷӣ ба даст овардаанд, ки аз 252 медал 103 медал ба донишҷӯдухтарон ва 149 медал ба донишҷӯписарон тааллуқ доранд. Имрӯзҳо баҳри тарбияи ҷисмонии донишҷӯён дар донишгоҳ шароити созгор фароҳам оварда шудааст, ки сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ аз ҷумлаи онҳост.

Ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар рӯҳияи танумандию шуҷоатмандӣ ва худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Боварӣ дорам, ки варзишгарони донишгоҳ ва дар умум ҷавонони кишвар бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.

Рӯзи варзишгарон муборак!