Имрӯз (7.12.2021) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Танзими молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 7-уми декабр таҷлил мегардад, семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия таҳният гуфта, зикр намуд, ки «Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ислоҳоти зиёдеро дар низоми молияи давлатӣ амалӣ намудаанд, ки боиси таҷриҷан зиёд гардидани нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат гардид».
Баъдан декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор И.С. Шамсов доир ба омӯзиши муаммоҳои танзими молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки «устодони факултети молиявию иқтисодӣ иди касбии хешро бо дастовардҳои назаррас дар раванди таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ пешвоз мегиранд ва ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳми арзанда мегузоранд».
Дар кори нишаст М. Абдуллоева – директори ассотсиатсияи ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, Х.Умаров – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДМТ, М.Бадриддинов – сардори раёсати банақшагирӣ ва ояндабинии соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, С.Вазиров – сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Назиров – сармутахассиси шуъбаи дурнамоии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷаназари Ғ. – корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам А. – корманди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӯ, инчунин, устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар охир зикр гардид, ки солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ, истифодаи босамари имкониятҳои молиявӣ, бахусус барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тадбирҳои муассир амалӣ карда шудааст, ки имрӯз дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд.