ТАШКИЛИ ГУРӮҲҲОИ РУСИЮ АНГЛИСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ ЗАРУР АСТ

319

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети биология самтҳои гуногуни фаъолияти он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба устодони факултет дар самти ташкили гурӯҳҳои русию англисӣ дар заминаи ихтисосҳои факултети биология, ташкили бойгонӣ дар назди факултет, нашри васоити таълимӣ, дифои рисолаҳои илмӣ, истифодаи дурусти тахтаҳои электронӣ, омода намудани кадрҳои донишманд, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию омавӣ ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи гуногун дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултет бо дар Маркази биотехнологияи донишгоҳ низ ба роҳ монда шавад.