ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ МУСТАҚИЛИ АККРЕДИТАТСИЯ ВА РЕЙТИНГ (IAAR) БА ДОНИШГОҲ

476

Имрӯз (26.04.2022) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова ва намояндаи агентӣ Олга Яновская вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани сертификати мутобиқатро доро мебошад. Дар зимн ҷонибҳо дар самти ихтисосҳои факултети тиббии донишгоҳ табодули афкор намуда, такид доштанд, ки пас аз омӯзиш ва баррасии ҳуҷҷатгузорӣ дар самти тиб корро оғоз менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии мазкур муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ва сардори раёсати таълим Қосимзода С.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.